Ду медали бонувони муштзани тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон

Бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷоми 17-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт (World Cup of Boxing Oil Countries) рӯзҳои 11-14 декабр дар шаҳри Белоярски […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷоми 17-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт (World Cup of Boxing Oil Countries) рӯзҳои 11-14 декабр дар шаҳри Белоярски Русия баргузор шуд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Руссия Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова дар финал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Даря Абрамова мағлуб шуда, ҷойи дуюмро ба даст овард.

“Шоира Зулқайнарова дар чорякфинали вазни 60 кг бар Анастасия Горожантсева (Русия) ғалаба карда, дар нимфинал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Наталия Шадрина шикаст хӯрд ва ҷойи сеюмро ишғол кард”, – омадааст дар хабари Кумита.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон – Идимоҳ Холова (69 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг) ва Баҳодур Усмонов (63 кг) аз медалҳо бенасиб монданд. Идимоҳ ва Бахтовар дар даври аввал, Баҳодур пас аз пирӯзӣ бар варзишгари кишвари мизбон Азнаур Калсинов дар даври аввал, дар даври дуюм аз намояндаи кишвари Марокаш Нодир Абдулҳақ мағлуб шуданд.

Дар мусобиқа, ки аз рӯйи 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон ҷараён гирифт, 127 варзишгар (87 мард ва 40 зан) аз 23 кишвар иштирок карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.