Имкони пайдо шудани ҷойҳои кории холӣ дар ҳукумат аз рӯйи натиҷаҳои интихобот ба парлумон

Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки охири ҳафтаи гузашта доир гардид, як зумра мансабдорони воломақом тибқи рӯйхати ҳизбӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод. Ба рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ аз ҳизб котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вазири меҳнат, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки охири ҳафтаи гузашта доир гардид, як зумра мансабдорони воломақом тибқи рӯйхати ҳизбӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод.

Ба рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ аз ҳизб котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода ва муовини ӯ Зулфия Давлатзода шомил гардиданд.

Дар сурати вакили парлумон интихоб шудани онҳо, ба мансабҳое, ки онҳо имрӯз ишғол кардаанд, шахсони дигар таъин мешаванд.

Дар меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ба шахсоне, ки вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шудаанд, машғул шудан ба фаъолият дар дигар соҳа (ба ҷуз фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ) манъ аст. Бо назардошти ин ҳолат, аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми марти соли оянда ҷойҳои кории холӣ дар ҳукумати кишвар пайдо шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.