Думаи давлатӣ созишномаи интихоби тоҷикистониёнро ба кори муваққатӣ тасдиқ кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 17-уми декабр Созишномаро бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар ин кишвар тасдиқ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. Санади мазкур рӯзи 17-уми апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расида буд. Дар Созишнома имкони омодагии шаҳрванди Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия рӯзи 17-уми декабр Созишномаро бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар ин кишвар тасдиқ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Санади мазкур рӯзи 17-уми апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расида буд. Дар Созишнома имкони омодагии шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари иқомати ӯ барои кори муваққатӣ дар қаламрави Русия пешбинӣ шудааст.

Ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон оид ба гузаронидани чорабиниҳо дар мавриди ин масъала, аз ҷумла, воқифсозии аҳолӣ дар ин хусус, интихоби номзадҳои дорои касбу кори мувофиқ, тайёр кардану бозомӯзии номзадҳо, мувофиқаи онҳо бо корфармоён, ташкили сафари онҳо ба ҷойи кор, санҷиши онҳо дар масъалаи мавриди пайгарди мақомот қарор надоштан ва ғайра уҳдадориҳо вогузор шудааст.

Таъкид мешавад, ки амалисозии тадбирҳои мазкур ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кори муваққатиро дар Русия доранд, имкон фароҳам месозад.

Дар Созишнома шарти ҳатмии иштироки корфармо дар сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар сурати қатъи пеш аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, ҳамчунин анҷоми муҳлати амали иҷозатномаи кор, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки муташаккилона сафарбар мешавад, уҳдадор аст, дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ қаламрави Русияро тарк кунад ва ё бар асоси иҷозатномаи амалкунанда ё дубора ба расмият даровардашуда назди корфармои дигар ба кор дарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.