Раисҷумҳури Қирғизистон: Ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон ба душворӣ пеш меравад

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзи 25-уми декабр дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2019 гуфтааст, ки ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон ба душворӣ пеш меравад. Ба иттилои хабаргузории АКИpress, Жээнбеков дар нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки 2 сол пеш гуфтушунидҳо мутаваққиф шуданд, вале айни замон кор дар ин самт дубора оғоз гардидааст. “Мо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзи 25-уми декабр дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2019 гуфтааст, ки ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон ба душворӣ пеш меравад.

Ба иттилои хабаргузории АКИpress, Жээнбеков дар нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки 2 сол пеш гуфтушунидҳо мутаваққиф шуданд, вале айни замон кор дар ин самт дубора оғоз гардидааст. “Мо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд бор оид ба ин масъала вохӯрдем”, – афзудааст ӯ.

“Қирғизистон ба ин кор омода аст. Комиссия аз ҷониби Қирғизистон бо роҳбарии ҷонишини сарвазир Раззоқов, ҳамчунин сарвазир ва ман аллакай самти худро муайян кардем. Мо ба ҳамкорӣ даъват мекунем. Мегӯем, агар мубодила даркор бошад, мо ба ин ҳам розием, то ҳамаи имконот баррасӣ шаванд. Пешниҳод шуд, ки биёед, бо мардум суҳбат мекунем. Мо масъалаи кори кушодро ба миён мегузорем. Рости гап, кор на ба он тавре пеш меравад, ки мо мехостем. Ин масъаларо танҳо бо 3 роҳ метавон ҳал кард. Беҳтарини онҳо – музокирот бо назардошти манфиатҳои ду кишвар. Мо дар ин самт кор мебарем”, – изҳор доштааст Сооронбой Жээнбеков

Ба қавли ӯ, бояд дар моҳи декабр як ҳайат аз Тоҷикистон ба Қирғизстон сафар кунад.

“Ман ҳар рӯз дар бораи вилояти Бодканд пурсон мешавам, ки вазъ дар сарҳад чӣ гуна аст. Аз Худованд мехоҳем, ки дар сарҳад оромӣ бошад. Масъалаи сарҳад зери назорати ман аст”, – гуфтааст сарвари давлати Қирғизистон.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Муноқишаи охир рӯзи 18-уми декабр байни сокинони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ва деҳаи Кӯк-Тоши Қирғизистон рух дода буд. Зимнан як гурӯҳ аз деҳаи Кӯк-Тоши ноҳияи Ботканд 5 сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро латукӯб карданд, ки миёни онҳо хонандаи синфи 8 Умедҷон Сафаров ва имоми масҷиди деҳа Содиқбой Набиев низ буданд.

Инчунин хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи аз силоҳи оташфишон захмӣ шудани 3 шаҳрванди ин кишвар хабар дода буд.

Дар ин харитаи интерактивии мо “нуқтаҳои доғ”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо зикри низоъҳои охир ва сабаби онҳо нишон дода шудаанд. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ инъикос гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.