Дар Душанбе падари хонандае, ки мунтазам ба дарс намерафт, ҷарима шудааст

Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахт барои иштирок накардани писараш дар дарсҳо ҷарима шудааст. Бино ба иттилои сомонаи хабарии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, як хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи № 4-и шаҳри Душанбе бе сабабҳои узрнок 140 соат дар дарсҳо иштирок накардааст. Суд падари хонандаро барои вайрон кардани моддаи 9 сархати 7-и […]

Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахт барои иштирок накардани писараш дар дарсҳо ҷарима шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи хабарии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, як хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи № 4-и шаҳри Душанбе бе сабабҳои узрнок 140 соат дар дарсҳо иштирок накардааст.

Суд падари хонандаро барои вайрон кардани моддаи 9 сархати 7-и Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гунаҳкор дониста, ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти ӯ, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молу мулкӣ ва оилавиро ба эътибор гирифтааст.

Сипас ӯро бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон) гунаҳкор дониста, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 165 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.