Дар сӯхтори ошхонаи “Сомониён” ошпази он захмӣ шудааст

Соати 1:40 дақиқаи шаби 30-юми декабр дар ошхонаҳои хусусии «Сомониён», «Наврӯз» ва «Сафо», воқеъ дар кӯчаи Крупская 1/4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст. Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷа ошпази ошхонаи хусусии «Сомониён», ки ҳангоми сӯхтор дар дохили ошхона қарор дошт, ҷароҳати сабук бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд. Гуфта мешавад, ки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Соати 1:40 дақиқаи шаби 30-юми декабр дар ошхонаҳои хусусии «Сомониён», «Наврӯз» ва «Сафо», воқеъ дар кӯчаи Крупская 1/4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷа ошпази ошхонаи хусусии «Сомониён», ки ҳангоми сӯхтор дар дохили ошхона қарор дошт, ҷароҳати сабук бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд.

Гуфта мешавад, ки соати 1:43 ба ҷойи ҳодиса қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар гардиданд. Оташ дар масоҳати зиёда аз 1000 метри мураббаъ ошхонаҳои хусусиро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳн шудани он ба иншооти дигар ба миён омада буд.

Дар натиҷаи амалиёти саривақтии кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, сӯхтор дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш карда шуд.

Таҳқиқи сӯхтор идома дошта, сабаб ва зарар муайян карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.