Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистонро бо Соли нав табрик кард

Нимаи дуюми рӯзи 30-юми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона якдигарро бо фарорасии Соли нав самимона табрик ва ба мардуми бародари тоҷику ӯзбек бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ орзу карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 30-юми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона якдигарро бо фарорасии Соли нав самимона табрик ва ба мардуми бародари тоҷику ӯзбек бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ орзу карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев суръати баланди рушди босамари муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо назардошти манфиатҳои бунёдии ду халқи наздик ва тамоми минтақа бо қаноатмандӣ зикр намуданд.

“Президенти Тоҷикистон ба минбаъд идомаи мантиқӣ ёфтани муносибатҳои ду кишвар дар ин маҷро изҳори итминон  карда,  аз омодагии ҷониби Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар ин самт таъкид намуд”, – омадааст дар хабар.

Зимни суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, ба унвони мардумони ҳар ду давлат табодули таманниёти нек карданд.

Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди минбаъдаи қобили мулоҳизаи муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо ибрози назар карда, гомҳои муайяни мусбати ҷонибҳоро дар ин самт таъкид  сохтанд.

Эмомалӣ Раҳмон мақсадҳои ҷониби Тоҷикистонро барои минбаъд низ равона кардани кӯшишҳои зарурӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои неки ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳо бо иқдоми нави амалӣ мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати ду халқи бародар зикр намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.