Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шуд

Бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 55, 62 ва 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ муваққатан қатъ шуд. “Дар ин қитъаҳои роҳ тарма фаромада, ҳамзамон дар қитъаҳои дигар хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Бо қарори муштараки Раёсати БДА ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 55, 62 ва 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ муваққатан қатъ шуд.

“Дар ин қитъаҳои роҳ тарма фаромада, ҳамзамон дар қитъаҳои дигар хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Бо қарори муштараки Раёсати БДА ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои тозакунии роҳ аз тарма ва барфи зиёд идома доранд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Далер Мерганов, сухангӯйи ширкати IRS.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони ширкат имрӯз, 2-юми январ якчанд мусофиронро наҷот доданд, ки зери тарма монда буданд.

“Субҳи барвақт кормандони ширкат мусофирон ва ронандаеро, ки дар километри 55-уми роҳ зери тарма монда буданд, наҷот доданд. Ин тармаи аввалин дар соли равон буда, барои ин мавсими сол ногаҳонист”, – қайд кард Мерганов.

Кай барқарор шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд алҳол маълум нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳанӯз 31-уми январ дар бораи эҳтимоли фаромадани тармаҳо дар ағбаҳои Тоҷикистон огоҳӣ ба нашр расонида буд. Кумита боисрор аз аҳолӣ даъват ба амал оварда буд, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳое, ки хатари лағзиши тарма доранд, масофаро ҷиддан риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.