Элис Уэллс: “ДОИШ таҳдид барои Тоҷикистон ва кишварҳои ОМ нахоҳад буд”

Дар нишасти хабарӣ муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллс гуфт, амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон гувоҳи онанд, ки ҳамкории амниятии ИМА бо Тоҷикистон набояд танҳо бо таҳкими сарҳад маҳдуд шавад. Ба қавли Уэллс, таҷаммӯъи террористони Давлати исломӣ (ДОИШ) дар сарҳад бо Афғонистон то ҳол таҳдидеро дар худ […]

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Дар нишасти хабарӣ муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллс гуфт, амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон гувоҳи онанд, ки ҳамкории амниятии ИМА бо Тоҷикистон набояд танҳо бо таҳкими сарҳад маҳдуд шавад.

Ба қавли Уэллс, таҷаммӯъи террористони Давлати исломӣ (ДОИШ) дар сарҳад бо Афғонистон то ҳол таҳдидеро дар худ боқӣ мегузорад, аз ин рӯ, нерӯҳои низомии ИМА ба зарбаҳо ҷиҳати маҳви онҳо дар Афғонистон идома медиҳанд.

“Ин кафолати он буда метавонад, ки ДОИШ таҳдид барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад буд”, – мутмаин аст ӯ.

Элис Уэллс қайд кард, ки ИМА ба дастгирии Тоҷикистон дар ҳалли мушкили дарозмуҳлати таъмини амният дар сарҳад омода аст.

“Аз соли 2002 ҳукумати ИМА барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон наздики 200 млн. доллар маблағ ҷудо кард”, – иброз дошт дипломат.

Тибқи маълумоти ӯ, танҳо дар 3 соли охир Департаменти давлатӣ оид ба мудофиаи ИМА барои тақвияти ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон 46 млн. доллар ҷудо кардааст.

– Ман аз дастаи сарҳадии Панҷ боздид кардам. Ин яке аз дидбонгоҳҳое мебошад, ки аз ҷониби ИМА бо таҷҳизоти муосири алоқа ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои ҳифзи пурсамари марз таъмин шуда, ба сарҳадбонон дар пешгирии вуруди террористон ба кишвар ва қочоқи маводи мухаддир кумак мекунад, – гуфт Уэллс.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.