Тоҷикистону Туркия созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро ба имзо мерасонанд

Ба наздикӣ имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар назар аст. Лоиҳаи санадро ҳукумати Тоҷикистон барои тасдиқ ба вазорату идораҳои дахлдор фиристодааст. Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, қарордод бо хоҳиши тарафҳо ба хотири таҳкими робитаҳои дӯстона байни халқҳои турку тоҷик ва беҳтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи об имзо мешавад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба наздикӣ имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар назар аст. Лоиҳаи санадро ҳукумати Тоҷикистон барои тасдиқ ба вазорату идораҳои дахлдор фиристодааст.

Дар лоиҳаи созишнома гуфта мешавад, қарордод бо хоҳиши тарафҳо ба хотири таҳкими робитаҳои дӯстона байни халқҳои турку тоҷик ва беҳтар кардани ҳамкорӣ дар соҳаи об имзо мешавад.

Дар чаҳорҷӯби санаде, ки ба имзо мерасад, пешниҳоди кумаки техникӣ барои иншоотҳои мавҷуда ва нави таъминоти об, инчунин мубодилаи донишу таҷриба оид ба технологияҳои нав дар бахши таъминот ва тозакунии об пешбинӣ шудааст.

Тарафҳо оид ба идоракунии маҷрои дарё ва захираҳои обӣ, аз ҷумла, камшавии захираҳои обӣ дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, талаботи бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва маишӣ ба об табодули таҷриба мекунанд.

Ба ҷуз ин, таъсиси шабакаи коршиносони ҳар ду кишвар, табодули таҷриба оид ба идоракунии сарбандҳо ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, дар қарордод таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи об пешбинӣ шудааст.

Тарафҳо метавонанд муассисаҳои давлатӣ ва илмӣ, корхонаҳои хусусӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро барои иштирок дар фаъолият оид ба ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи мазкур даъват намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.