Пешбарии муовини раиси ҲИИТ ба номзадии вакилии парлумон аз ҳавзаи Бохтар

Муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) Сарвиноз Маҷидова аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-26 ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси созмони вилоятии ҲИИТ дар Хатлон Зафар Ализода иттилоъ дод, номзадии Сарвиноз Маҷидова, ки ҳамзамон корманди Академияи илмҳои ҶТ мебошад, рӯзи 6-январ дар конфронси созмони ҲИИТ дар шаҳри […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) Сарвиноз Маҷидова аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-26 ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси созмони вилоятии ҲИИТ дар Хатлон Зафар Ализода иттилоъ дод, номзадии Сарвиноз Маҷидова, ки ҳамзамон корманди Академияи илмҳои ҶТ мебошад, рӯзи 6-январ дар конфронси созмони ҲИИТ дар шаҳри Бохтар пешбарӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки Маҷидова дар ин ҳавза бо номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидбурҳон Шарифов, сарвари литсейи касбию техникии №9-и шаҳри Бохтар, ки имрӯз, 9-уми январ дар конфронси маҳаллии ҲХДТ пешбарӣ гардид, вориди рақобат хоҳад шуд.

То ба имрӯз аз ҲХДТ дар 9 ҳавзаи интихоботӣ номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ пешбарӣ шудаанд: аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун-33 Гавҳар Шарофзода, Балхӣ-30 Ҳоким Холиқзода, Вахш -32 Бахтовар Сафарзода, Ёвон-29 Толибҷон Азимзода, Ҷомӣ-28 Гулбаҳор Ашурзода, Кӯлоб-39 Ҳакимзода Шариф, Муминобод-38 Саъдулло Раҳимзода, Данғара-36 Лутфия Абдухолиқзода ва Бохтар-26 Саидбурхон Шарифов.

Муқобили номзадҳои ҲХДТ то имрӯз танҳо Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар як ҳавзаи Бохтар-26 номзади худро пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи масъулини ҳавзаҳои интихоботӣ, ҳоло вақт ҳаст ва шояд ҳизбҳои дигари расман фаъолияткунандаи кишвар номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.