Ба шикорчиёни Помир барои парронидани гургҳо силоҳ доданд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ ба шикорчиёни маҳаллӣ барои парронидани гургҳо ба хотири таъмини бехатарии одамон ва талаф наёфтани чорвои хонагӣ аз ҳамлаи ин даррандагон силоҳ тақсим карданд. Тавре хадамоти матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ медиҳад, ҳамлаи гургон ба одамон ва чорвои хонагӣ дар фасли зимистон яке аз мушкилоти аҳолии ВМКБ мебошад. Гуфта мешавад, зимистони соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ ба шикорчиёни маҳаллӣ барои парронидани гургҳо ба хотири таъмини бехатарии одамон ва талаф наёфтани чорвои хонагӣ аз ҳамлаи ин даррандагон силоҳ тақсим карданд.

Тавре хадамоти матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ медиҳад, ҳамлаи гургон ба одамон ва чорвои хонагӣ дар фасли зимистон яке аз мушкилоти аҳолии ВМКБ мебошад.

Гуфта мешавад, зимистони соли гузашта 2 нафар одамон, ҳамчунин чорво ва сагон қурбони ҳамлаҳои гургон шуданд.

Таъкид мешавад, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ, ситоди доимо амалкунандаи вилоятии мақомоти ҳокимият таъсис дода шуд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки милитсия ва мақомоти амният ба аксари аъзои ассотсиатсияи шикорчиён барои парронидани гургон милтиқу тир додаанд. Ҳамчунин ба шикорчиён барои нобудсозии даррандагон қапқонҳо дода шудааст.

Тавре зикр мешавад, шикорчиёне, ки аз ҳама бештар ба нобуд кардани гургҳо даст меёбанд, аз лиҳози моддӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар деҳаҳое, ки шикорчиёни маҳаллӣ нестанд, аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки пас аз низоъи мусаллаҳонаи тобистони соли 2012 байни сохторҳои қудратӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ, силоҳи аҳолӣ бо шумули милтиқҳои шикорчиён мусодира шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.