Футболбози 18-солаи тоҷик бо “Рубин” қарордод мебандад

Футболбози дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шаҳром Самиеви 18-сола ба дастаи Лигаи олии футбол (Премйер-лига)-и Русия – “Рубин”-и шаҳри Қазон мегузарад. Тавре хабаргузории Inkazan.ru иттилоъ медиҳад, ояндаи наздик имзои қарордод бо ӯ дар назар аст. Қобили зикр аст, ки қаблан футболбозони тоҷик Искандар ва Алишер Ҷалиловҳо, Парвиз Умарбоев ва Нозим Бобоҷонов низ дар тими “Рубин” ҳунарнамоӣ карда […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Футболбози дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шаҳром Самиеви 18-сола ба дастаи Лигаи олии футбол (Премйер-лига)-и Русия “Рубин”-и шаҳри Қазон мегузарад.

Тавре хабаргузории Inkazan.ru иттилоъ медиҳад, ояндаи наздик имзои қарордод бо ӯ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки қаблан футболбозони тоҷик Искандар ва Алишер Ҷалиловҳо, Парвиз Умарбоев ва Нозим Бобоҷонов низ дар тими “Рубин” ҳунарнамоӣ карда буданд.

Шаҳром Самиев ба дастаи “Рубин” ҳамчун дорои ҳуқуқи агенти озод гузашта, айни замон дар ҳайати дуюми даста марҳилаи санҷиширо мегузарад.

Дар мавсими гузаштаи чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар ҳайати тими "Истиқлол" 18 бозӣ гузаронида, 4 тӯб зад. Дар ҳайати тими мунтахаб ӯ дар 6 бозӣ иштирок карда, дар вохӯрӣ бо дастаҳои Афғонистон ва Ҳиндустон 2 тӯбро ба нишон расонид.

То ин дам Шаҳром Самиев ҳамчунин дар ҳайати дастаҳои “Барқчӣ” ва “КМВА-Помир” бозӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.