Эмомалӣ Раҳмон султони нави Салтанати Умонро табрик кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14-уми январ ба султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури султони Умон барқияи табрикӣ ирсол кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Умон бар манфиатҳои […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14-уми январ ба султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури султони Умон барқияи табрикӣ ирсол кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Умон бар манфиатҳои мардуми ҳар ду кишвар минбаъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

“Мо ҳамеша алоқаманди таҳкими ин раванд ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон бо иқдомоти нави амалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем”, – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом барои саъю талошҳои минбаъдаи муштарак таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, тавассути фаъол гардонидани тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо омодагӣ изҳор шудааст.

Пас аз марги Қобуси 79-сола, ки 50 сол Салтанати Умонро идора мекард, Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид ба тахт нишаст. Пас аз чанд соати эълони марги султон Қобус ӯ савганд ёд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.