Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 15-уми январ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти ҶДММ “Ваҳдат”, ки ба истеҳсоли ҷуроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхона бо ташаббус ва маблағгузории бевоситаи соҳибкори тоҷик Илҳом Мирзоев бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он 19,2 млн.ҷуфт ҷуробро дар як сол ташкил медиҳад.
Айни замон навбати аввали корхона мавриди истифода қарор гирифта, навбати дуюми он давоми соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Дар корхона намудҳои гуногуни ҷуробҳои мардонаву занона ва барои кӯдакону наврасон, инчунин ҷуробҳои варзишӣ истеҳсол карда мешаванд.
Воридоти хатҳои технологии корхонаии “Ваҳдат” аз ҷумҳуриҳои Туркия, Италия ва Чин сурат гирифта, дастгоҳҳои насли нав дониста мешаванд. Маҳсулоти корхона сифатан хуб ва рақобатпазир истеҳсол шуда, ба бозорҳои Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб содирот карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


