Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон зери идоракунии шӯроҳои нозирон мегузаранд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба Кодекси гражданиро тасдиқ кард, ки мувофиқи он идракунии корхонаҳои давлатӣ аз роҳбарони ин корхона ба ихтиёри шӯроҳои нозирон мегузарад. Мутобиқи ин тағйирот, роҳбарони корхона иҷрокунанда ва шахси ҳисоботдеҳ ба шӯрои нозирон ҳисобида мешавад. Пас аз чопи тағйирот дар нашрияи расмии ҳукумат ҳафтаи гузашта онҳо ҳукми қонунӣ гирифтанд. Мақоми болоии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба Кодекси гражданиро тасдиқ кард, ки мувофиқи он идракунии корхонаҳои давлатӣ аз роҳбарони ин корхона ба ихтиёри шӯроҳои нозирон мегузарад.

Мутобиқи ин тағйирот, роҳбарони корхона иҷрокунанда ва шахси ҳисоботдеҳ ба шӯрои нозирон ҳисобида мешавад.

Пас аз чопи тағйирот дар нашрияи расмии ҳукумат ҳафтаи гузашта онҳо ҳукми қонунӣ гирифтанд.

Мақоми болоии корхонаи давлатӣ муассис боқӣ мемонад, ки ҳукумат аст.

Қаблан палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонуни ҶТ “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”-ро қабул кард, ки мутобиқи он дар ин корхонаҳо Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.

Ин тадбирҳо ба амалисозии Стратегияи идоракунии хавфҳои молиявӣ (фискалӣ)-и корхонаҳои давлатӣ барои давраи солҳои 2016-2020 равона шудаанд.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон рӯзи 23-юми октябр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода гуфт, ки то ин дам роҳбари корхона бо усули “яккасардорӣ” амал карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мустақилона ҳал мекард.

Дар тағйирот, ба қавли ӯ, ташкили Шӯрои нозирон пешбинӣ шудааст, ки назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатиро таъмин мекунад. Зимнан сатҳи масъулияти роҳбари корхона баландтар мешавад.

Таъкид шуд, ки аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарони корхонаҳои давлатиро ҳукумати ҷумҳурӣ таъин мекунад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории нав, ба истиснои масоили ба ваколати муассис (ҳукумат) ва роҳбари корхона дахлдошта, Шӯрои нозирон идоракунии умумии корхонаи давлатиро амалӣ месозад.

Зикр шуд, ки ваколатҳои Шӯрои нозирон аз муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхона, тасдиқи буҷети солона, ҳисоботдиҳӣ, аудитор ва дигар масъалаҳо иборат мебошад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 789 корхонаи давлатӣ фаъолият дорад.

Гап сари қарзҳо

Ҳукумат ҳанӯз аввали соли гузашта дастур дода буд, ки дар мавриди кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.

Мувофиқи ин дастур, ба иҷрои ин қарор бояд Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои марбута машғул мешуданд.

Ҳамчунин тибқи санади мазкур ба ин кор мебоист корхонаҳои бузурге чун “Барқи тоҷик”, Ширкати алюминии тоҷик, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, “Тоҷик Эйр”, корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ғайра ҷалб мешуданд.

Тобистони соли гузашта бо қарори дигари ҳукумат дастур дода шуд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили идоракунии хавфҳои молиявиӣ (фискалӣ)-и корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шавад.

Ин мақомоти нави машваратии назди ҳукумат бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорӣ кардани идоракунии маъмурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар онҳо беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, таъсис дода мешавад.

Дар гузориши моҳи декабри соли гузашта муарррифишудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Пурзӯр шудани хавфҳои молиявӣ дар Тоҷикистон” зикр гардида буд, ки корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ “амалиётро пурсамар анҷом надода, сиёсати пурмасъули молиявиро роҳандозӣ намекунанд”.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии қарзи корхонаҳои бузург ва миёнаи давлатии кишвар ба аввали нимсолаи дуюм беш аз 60 млрд. 856,1 млн. сомонӣ (наздики 6,3 млрд. доллар)-ро ташкил додааст.

Байни корхонаҳои Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан қарзи бештар дорад, ки ҳаҷми умумии он соли гузашта ба 23,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 2,5 млрд. доллар) баробар шуда буд.

Мо чӣ қадар корхонаҳои давлатӣ дорем?

Ба ҷуз корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳои сершумори саҳҳомиро низ дар ихтиёр дорад.

Корхонаҳои нисбатан бузурге, ки ба хоҷагидории амволи давлатӣ ҳуқуқ доранд, “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, “Почтаи тоҷик”, “Нафт ва газ”, “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, “Аэронавигатсия”, “Амонатбонк”, “Барқи тоҷик” ва дигар корхонаҳо мебошанд.

Ғайр аз ин, ҳукумат дар сармояи оинномавии 140 ширкат, аз ҷумла, 136 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва 4 ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ҳисса дорад.

Дар сармояи оинномавии 118 ширкати саҳҳомӣ 100% бастаи саҳмияҳо ба ҳукумат тааллуқ доранд. Боз дар чанде аз ширкатҳо ҳиссаи ҳукумат беш аз 50% аст.

Корхонаҳои нисбатан бузург, ки саҳмияҳои онҳоро ҳукумат дар ихтиёр дорад, инҳо мебошанд: ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.