Овоздиҳии тоҷикистониён дар хориҷа барои номзади худ ба вакилӣ

Дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон 39 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки дар он шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷонибдории номзади худ ба вакилӣ овоз дода метавонанд. Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад. Имрӯз дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода дар бораи ташкили 39 ҳавзаи интихоботӣ дар хориҷи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон 39 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки дар он шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷонибдории номзади худ ба вакилӣ овоз дода метавонанд. Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад.

Имрӯз дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода дар бораи ташкили 39 ҳавзаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар қарор қабул шуд.

Қитъаҳо дар 30 кишвари дунё боз мешаванд, ки Тоҷикистон дар онҳо сафоратхона дошта, 9 консулгарии ҷумҳурӣ амал мекунанд.

Овозҳои интихобкунандагони тоҷикистонии муқими хориҷи кишвар ба протоколи ҷамъбастии ҳавзаи якмандатии интихоботи №3-и ноҳияи Шоҳмансур илова карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.