Дар Тоҷикистон кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад

Date:


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба Қонуни ҶТ «Дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти ҷудогона» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки тибқи он, дар Тоҷикистон

 

кор бо маводи радиоактивӣ танҳо тибқи иҷозатномаи махсус сурат мегирад.





           

Намояндаи мардуми Лтофат Шарифова гуфт, пешниҳод дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо аз ҷониби ҳукумат ирсол шудааст ва дар сурати тасдиқи онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ барои фаъолият дар доираи воридоту содирот, фурӯш, коркард, истеҳсол, истифода ва нобуд сохтани маводи радиоактивӣ иҷозатномаи махсус ҷорӣ мегардад.




           

Ба гуфтаи Латофат Шарипова, пешниҳодоти мазкур аз ҷониби МАГАТЭ ва дигар созмонҳи байнулмилалӣ дастгирӣ ёфтааст. «Қабули тағйироти мазкур дар қонунгузорӣ ҳамчунин ба таъмини амният, беҳбуди вазъи экологӣ ва иҷрои ӯҳдадории байнулмилалии ҷумҳурӣ оид ба паҳн накардани маводи ҳастаӣ низ нигаронида шудааст», – афзуд намояндаи мардумӣ.




           

Тағйирот ва иловаҳои мазкурро намояндагони мардумӣ бидуни баҳсу мунозира якдилона тасдиқ карданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...