Роҳи Душанбе-Хуҷанд бо сабаби тармафароӣ муваққатан баста шуд

Субҳи имрӯз, 22-юми январ дар натиҷаи фаромадани тармаҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ карда шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон Далер Мерганов хабар дод, айни замон кормандони ширкат ба тозакунии роҳ аз барфтӯдаҳо машғуланд. “Субҳи имрӯз дар якчанд қитъаҳои роҳ тарма фаромада, дар дигар қитъаҳо хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Муддати якчанд […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 22-юми январ дар натиҷаи фаромадани тармаҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ карда шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон Далер Мерганов хабар дод, айни замон кормандони ширкат ба тозакунии роҳ аз барфтӯдаҳо машғуланд.

“Субҳи имрӯз дар якчанд қитъаҳои роҳ тарма фаромада, дар дигар қитъаҳо хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Муддати якчанд соат ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои бартараф кардани оқибатҳои тармафароӣ ва тозакунии роҳ аз барф идома доранд. Аз фаромадани тармаҳо касе осеб надидааст”, – қайд кард Мерганов.

Ба гуфтаи номбурда, ширкат ният дорад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётро тавассути ин роҳ дар нимаи дуюми рӯз барқарор кунад.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки имрӯз, 22-юми январ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи ҳаво боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо барф меборад.

Рӯзи 23-юми январ ҳангоми соф шудани ҳаво шабона ва саҳаргоҳон сардшавӣ шиддат гирифта, дар водиҳо то 3-80 хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-180 хунук, дар мавзеъҳои баландкӯҳ 35-400 хунук (дар мавзеи Булункӯл то -500 хунук) пешгӯйӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.