Дар сохтори ММД-и Тоҷикистон то ҳол бахши кишоварзӣ афзалият дорад

Date:

Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тайи солҳои охир каме коҳиш ёфтааст, аммо ин бахш то ҳол аз дигар соҳаҳо, аз ҷумла, саноат афзалият дорад.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 вазни қиёсии бахши кишорварзӣ дар сохтори ММД-и кишвар 19,8%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 0,9% камтар аст.

Ҳиссаи соҳаи саноат бо шумули энергетика дар сохтори ММД 17,4% (2,3% зиёдтар нисбат ба соли 2016), сохтмон – 15,1%, савдо – 15%, нақлиёт – 10,4% ва андозҳо – 10,4%-ро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон дар соли 2019 ба маблағи 77,3 млрд. сомонӣ (наздики 8 млрд. доллар) ва сатҳи афзоиши воқеӣ ба 7,5% баробар шуд.

Соли равон афзоиши ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ то 87,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи Стратегияи милии рушд барои солҳои 2016-2030 ҳукумат ният дорад, ки Тоҷикистонро ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад. Барои ин тақвияти иқтидорҳои саноатию энергетикӣ ва ҳамзамон кам кардани вобастагии иқтисод ба кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Ба ақидаи мутахассисон, ҳиссаи соҳаи саноат дар кишварҳои дорои иқтисоди навъи индустриалӣ-аграрӣ аз ҳиссаи бахши кишоварзӣ баландтар аст ё афзалият дорад.

“Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд истеҳсолоти кишоварзиро коҳиш бидиҳем. Баръакс, истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд ва тақвият бахшидан зарур буда, он бояд натанҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ намояд, балки дар бозори ҷаҳонӣ ҳам рақобатпазир бошад. Барои ин маблағҳоро на барои гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, балки ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ равона кардан лозим аст”, – гуфта буд қаблан иқтисодшинос Шавкат Каримов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...