Пирӯзии толибилми Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявии “Бозёфт-2019”

Дар озмуни телевизионии ихтироъкорони ҷавон “Бозёфт-2019”, ки аз ҷониби шабакаи ТВ “Баҳористон” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, Раҳимҷон Ҳакимов, хонандаи синфи 11-и литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо муаррифии лоиҳаи худ таҳти унвони “Гармхонаи боақл” сазовори ҷои аввал шуд. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар ин озмун ихтироъкорони наврасу […]

Дар озмуни телевизионии ихтироъкорони ҷавон “Бозёфт-2019”, ки аз ҷониби шабакаи ТВ “Баҳористон” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, Раҳимҷон Ҳакимов, хонандаи синфи 11-и литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо муаррифии лоиҳаи худ таҳти унвони “Гармхонаи боақл” сазовори ҷои аввал шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар ин озмун ихтироъкорони наврасу ҷавони кишвар, аз ҷумла, аз вилояти Суғд 8 нафар хонандагон фаъолона ширкат варзиданд.

“Раҳимҷон Ҳакимов лоиҳаи худро бо ҳамсабақонаш Абдушариф Абдурафиқӣ ва Муҳаммадаюбҷон Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Очилов ихтироъ кардаанд”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Зикр мешавад, ки ин лоиҳа бо технологияи навин роҳандозӣ шуда, зимнан гармхонаро тавассути барномаи телефони мобилӣ ва тариқи худкор метавон идора кард.

“Гармхонаи боақл” вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: ба таври автоматӣ ченкунии ҳарорат; ташкили рӯшноии сунъӣ дар вақти зарурӣ; обёрии  автоматӣ; ташкили автоматии борони сунъӣ; тавассути телефони мобилӣ идоракунии таҷҳизоти гармхона ва ғайра. Ин лоиҳаро метавон дар соҳаи кишоварзии мамлакат ба тариқи густурда ҷорӣ кард.

Ба ғолиби озмун диплом, нишон ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби созмондиҳандагон такдим шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.