Тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова бо мукофоти ЮНЕСКО қадрдонӣ шуд

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) дар шаҳри Порис рӯзи 21-уми январ маросими тақдими ҷоизаҳо ба иштирокчиёни намоиши байнулмилалии мӯди Oriental Fashion Show Paris 2020 доир гардид. Ба ҳамаи иштирокчиёни намоиш, аз ҷумла, тарроҳи либос аз Тоҷикистон Нафиса Имронова мукофотҳо тақдим шуданд. Намояндаи Тоҷикистон барои тарроҳиии ороишот, навгониҳо ва […]

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) дар шаҳри Порис рӯзи 21-уми январ маросими тақдими ҷоизаҳо ба иштирокчиёни намоиши байнулмилалии мӯди Oriental Fashion Show Paris 2020 доир гардид.

Ба ҳамаи иштирокчиёни намоиш, аз ҷумла, тарроҳи либос аз Тоҷикистон Нафиса Имронова мукофотҳо тақдим шуданд. Намояндаи Тоҷикистон барои тарроҳиии ороишот, навгониҳо ва технология дар сӯзанӣ ва зардӯзӣ бо мукофот қадрдонӣ гардид.

Тоҳир Иброҳимов – муассиси Ҳафтаи миллии мӯди Tajikistan Fashion Week низ барои саҳмгузорӣ дар санъати мӯд, ҳамкорӣ бо ҷаҳони мӯди Аврупо, инчунин роҳандозии лоиҳаи Tajikistan Fashion Week ба гирифтани мукофот шарафёб гардид.

Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Иброҳимов хабар дод, ки намунаи либосҳо аз маҷмӯаи “Наврӯз”-и Нафиса ба тамошогарони намоиш чунон писанд омад, ки нисфи онро аллакай харидаанд.

“Аз 6 сарулибоси маҷмӯаи “Наврӯз” 3-тоашро бо нархи хеле хуб хариданд ва ин маънои онро дорад, ки фарҳанги тоҷиконро ҷомеаи аврупоӣ ба таври шоиста арзёбӣ карда, таваҷҷуҳаш ба тарроҳони мо зиёд мешавад ва вазифаи асосии мо низ ҳамин аст”, – иброз дошт Иброҳимов.

Маросими намоиши байнулмилалии мӯди Oriental Fashion Show Paris 2020 рӯзҳои 19-20 январ дар Порис баргузор шуда, Нафиса Имронова дар қатори 35 нафар намояндагон аз кишварҳои Аврупо, Осиё, Миср, Алҷазоир, Дубай ва Марокаш сарулибос аз маҷмӯаи “Наврӯз”-и худро ба маърази тамошо гузошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.