Рустами Эмомалӣ номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуд

Дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 22-юми январ баргузор шуд, номзадии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе […]

Дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 22-юми январ баргузор шуд, номзадии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ моҳи апрели соли 2017 вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуда, собиқ раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоевро, ки ихтиёрӣ аз курсии вакилӣ даст кашида буд, иваз кард.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи он замон дар ҳавзаи интихоботии №25 баргузоршуда, Рустами Эмомалӣ 84,81% овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварда буд.

Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интхобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯйхатҳои 7 ҳизби сиёсии кишварро, ки намояндагони худро аз ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ кардаанд, тасдиқ кард.

Аз ҳама бештар номзадҳо аз ҲХДТ – 28 нафар тасдиқ шудаанд. Аз Ҳизби аграрӣ – 13 номзад, Ҳизби демократӣ – 4, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7, Ҳизби коммунист – 6, Ҳизби сотсиалистӣ – 8 ва Ҳизби сотсиал-демократӣ – 8 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон интихоб мешаванд.

Маросими бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии парлумон то 9-уми феврал идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.