Эҳтимоли бе алоқаи мобилӣ мондани 3,8 млн. муштарӣ дар Тоҷикистон

Date:

То ҳол 3,8 миллион. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 худро дубора ба қайд нагузоштаанд.

Дар ин бора имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, агар 3 млн. 855 ҳазор нафар муштариён то 15-уми феврал симкортҳояшонро дубора бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд нагузоранд, мувофиқи талаботи қарор, рақамҳои онҳо ғайрифаъол гардонида мешавад.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар Тоҷикистон 6,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4,8 млн. нафари онҳо корбарони фаъол мебошанд.

Ба қавли Атоев, Хадамоти алоқа бо дархости боз дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳо ба ҳукумат муроҷиат кардааст.

“Дароз шудан ё нашудани муҳлати қайди дубораи симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав акнун танҳо ба ҳукумат вобаста аст”, – иброз дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30-юми апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 дубора ба қайд гузоранд. Муҳлати қайди дубора 15-уми феврали соли 2020 (муҳлати пешина – 15 августи соли 2019), яъне пас аз 19 рӯз ба охир мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон шуъбаҳои шиносномадиҳӣ аз соати 08:00 то 20:00 (тобистон – то соати 22:00) кор мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...