Неругоҳи Роғун ба паймонкорону молрасонон беш аз $100 млн қарздор шуд

Мудирияти ҶСК “НБО Роғун” назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ беш аз 1 млрд сомонӣ (103 млн доллар) қарздор аст. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” бо истинод ба директори генералии Ҷамъият Хайрулло Сафарзода иттилоъ додааст. “Маблағҳои аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробонд), ки бевосита барои таъмини муътадили корҳои бунёди садди Неругоҳи барқи […]

Пайрав Чоршанбиев

Мудирияти ҶСК “НБО Роғун” назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ беш аз 1 млрд сомонӣ (103 млн доллар) қарздор аст. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” бо истинод ба директори генералии Ҷамъият Хайрулло Сафарзода иттилоъ додааст.

“Маблағҳои аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробонд), ки бевосита барои таъмини муътадили корҳои бунёди садди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷалб гардида буданд, пурра харҷ шуданд”, – гуфт Сафарзода дар ҷаласаи охири палатаи болоии парлумон зимни баррасии тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”.

Тағйироту иловаҳои воридшуда ба ҳукумат ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла хориҷӣ, барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун имкон медиҳанд.

Ӯ қайд кард, ки сохтмони иншооти неругоҳ ба маблағгузории минбаъдаи устувор ниёз дорад.

Сафарзода пешниҳод мекунад, ки қисмате аз дороиҳои ҶСК “НБО Роғун”, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷойгиранду истифодаи онҳо аз рӯйи таъинот ғайриимкон мебошад, фурӯхта шавад.

Номбурда зикр кардааст, ки  дороиҳо ҳар рӯз хароҷот ба бор оварда, барои фаъолияти молиявии ҷамъият таъсир мегузоранд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” айни замон 27 млрд 760 млн сомониро ташкил медиҳад: 97,1% саҳмияҳо (ба маблағи беш аз 26,9 млрд сомонӣ) ба давлат ва 2,9% (ба маблағи 799,9 млн. сомонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.

Ёдрас мекунем, ки палатаи болоии парлумон охири моҳи январи соли равон тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” маъқул донист. Дар тағйироту иловаҳо пешниҳод мешавад, ки ҶСК “НБО Роғун” ва Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО” аз рӯйхати иншооте, ки бояд хусусӣ гардонида нашаванд, хориҷ карда шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.