Мессенҷерҳо ба андозчиён барои ҷамъоварии пули пешбинишуда халал расониданд

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозро ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вобаста медонад. Раиси Кумита Нусратулло Давлатзода дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки соли 2019 нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар кишвар 3,9% камтар ба иҷро расид. Бинобар ин, ба буҷет аз маблағи пешбинишуда 516 млн сомонӣ (зиёда аз 53 млн […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозро ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вобаста медонад.

Раиси Кумита Нусратулло Давлатзода дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки соли 2019 нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар кишвар 3,9% камтар ба иҷро расид. Бинобар ин, ба буҷет аз маблағи пешбинишуда 516 млн сомонӣ (зиёда аз 53 млн доллар) камтар маблағ ворид шудааст.

Давлатзода қайд кард, ки 432 млн сомонӣ аз ин маблағ аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ гирифта нашудааст.

“Аз соли 2015 ширкатҳои мобилӣ тадриҷан аз хизматрасонии овозӣ (гуфтугӯ бо телефон) ба дигар навъҳои муосири хизматрасонӣ мегузаранд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон то ҳол танзим нашудааст. Имрӯз ҳама хизматрасониҳо тариқи интернет ба иҷро мерасанд ва мо дар ҳаҷмҳои начандон зиёд андоз меситонем”, – гила кард ӯ.

Ғайр аз ин, қайд кард раиси Кумита, дар муқоиса бо солҳои пешин фаъолияти бисёре аз ширкатҳои мобилӣ суст шуда, “баъзеи онҳо бозорро аз даст медиҳанд”.

Зимнан илова шуд, ки аз як тараф, агар қисмати даромади буҷет ҳамасола дар ҳоли зиёдшавӣ бошад, аз ҷониби дигар, сарчашмаҳои андозситонӣ кам шуда истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.