Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Вазорати молия, Агентии омор ва Маркази миллии тестӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд. – Дар Даммам (Арабистони Саудӣ) мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Кувайт бозии рафиқона мегузаронад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Вазорати молия, Агентии омор ва Маркази миллии тестӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

– Дар Даммам (Арабистони Саудӣ) мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи Кувайт бозии рафиқона мегузаронад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6945 сомонӣ;

1 евро – 10.5796 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1532 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Президенти Туркманистон Г.Бердимуҳаммедов дар бораи кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 ҳазор доллар дастур ба имзо расонид.

2013 — Мақомоти марбута ба нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон ширкати нави хусусии ҳавопаймоии «Asian Express Airlines»-ро ба қайд гирифтанд.

1929 — Зодрӯзи академик Ислом Абдусаломов.

1948 — Мавлуди арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ.

1952 — Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дилбар Валаматзода.

1959 — Зодрӯзи иқтисодчӣ Ҳамидуллохон Фақеров.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи байнулмилалии радио. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1946 “Радиои СММ” ба пахши барномаҳо шурӯъ кард.

Кормандони радиои “Азия-Плюс”-ро бо иди касбиашон табрику таҳният мегӯем! Бори нахуст 9-уми сентябри соли 2002 радиои “Азия-Плюс” рӯйи мавҷи 107FM ба пахши барномаҳо оғоз кард.

Ин рӯзи 125 сол пешро метавон оғози кинои ҷаҳонӣ номид: бародарон Люмерҳо ба аввалин дастгоҳи сабти тасвири ҳаракаткунанда – кинокамера патент гирифтанд.

86 сол пеш дар баҳри Чукотка яхпораҳои бузург киштии “Челюскин”-ро хароб карда, он ғарқ шуд.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф), шабона ва саҳар дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок дар ғарби вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар шарқи вилоят барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борон, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, борон, боришот (шабона борон, барфи тар, рӯзона борон), шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.