Ҳукумати Чин усули ташхиси коронавирусро тағйир дод

Дар Чин, тибқи маълумот то субҳи 13-уми феврал 14840 ҳодисаи нави сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Хабаргузории Медуза навиштааст, ки шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тавре дар Комиссияи миллии тандурустии Чин шарҳ додаанд, босуръат болоравии нишондиҳандаҳои оморӣ ба тағйири усули ташхиси беморӣ вобаста аст. Минбаъд шумори сироятёфтагон аллакай […]

Asia-Plus

Дар Чин, тибқи маълумот то субҳи 13-уми феврал 14840 ҳодисаи нави сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта шудааст.

Хабаргузории Медуза навиштааст, ки шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Тавре дар Комиссияи миллии тандурустии Чин шарҳ додаанд, босуръат болоравии нишондиҳандаҳои оморӣ ба тағйири усули ташхиси беморӣ вобаста аст. Минбаъд шумори сироятёфтагон аллакай тибқи маълумоти томографияи компютерӣ бе мунтазир шудани натиҷаҳои дигар таҳқиқот ҳисоб мешавад.

Дар шарҳи ин масъала табибон изҳор доштаанд, ки он ба оғози муолиҷа дар марҳилаи барвақтии гирифторӣ ба беморӣ кумак мекунад.

Зикр мешавад, ки шабонарӯзи гузашта аз сирояти коронавирус 242 нафар фавтида, шумори умумии фавтидагон дар Чин ба зиёда аз 1,3 ҳазор нафар расидааст.

Беш аз 5,6 ҳазор нафар аз ин беморӣ муолиҷа шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.