Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати ҷумҳурӣ ва додситонии Тоҷикистон

Имрӯз, 14-уми феврал дар толори Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати ҶТ, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шуданд, мулоқот кард. Бо фармонҳои Президенти ҶТ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло муовинони сарвазири Тоҷикистон таъин шуданд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси […]

Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми феврал дар толори Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати ҶТ, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шуданд, мулоқот кард.

Бо фармонҳои Президенти ҶТ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло муовинони сарвазири Тоҷикистон таъин шуданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ кадрҳои ҷавон таъин шуданд, ки дар баробари таҷрибаи корӣ ва малакаи роҳбарӣ бо зиёда аз ду забони хориҷӣ муоширати озод карда метавонанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, инчунин муовинони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.

Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи ҶТ пешниҳоди раисҷумҳур ҷиҳати додани ризоият дар бораи аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Тоҷикистон озод кардани Назарзода Ҳотам Назрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи аз вазифаҳои муовинони Прокурори генералии ҶТ озод намудани Ваҳҳобов Валӣ Манонович ва Осимзода Муҳаммадиброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон, инчунин дар бораи ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии ҶТ таъин кардани Ҳикматуллозода Абдуғаффор, дар бораи муовинони Прокурори генералии ҶТ таъин намудани Талбакзода Дилшод Саид ва Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ прокурори шаҳри Душанбе, прокуророни ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, муовинони прокурори вилоятҳои Хатлону Суғд, прокуророни шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Бӯстони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Муъминободи вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд иваз гардиданд.

Раисҷумҳур зимни суҳбат ба кадрҳои таъиншуда иброз дошт, ки вазифаи асосии ҳар як мутахассис дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат кардан аст.

Аз кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ бо қатъият талаб карда шуд, ки нисбат ба қонуншиканӣ дар хариду фурӯши замин, ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, терроризм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ муборизаи дастҷамъона баранд.

“Дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиддӣ ва серталаб бошед, назорати якхелаи татбиқи қонунҳои амалкунандаро дар мамлакат таъмин намоед, уҳдадориҳои оинномавии худро дар ҷаҳорчӯбаи қонун амалӣ намуда, намунаи ибрат дар ҷомеа бошед”, – таъкид кард сарвари давлат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.