“Соли 2020 ҳалкунанда мешавад. Ин соле хоҳад буд, ки маълум мешавад, оё иқтисод тариқи дарҳои соли 2019 бозшуда ба самти бахши хусусӣ ва содирот рӯ меорад ё на”, – изҳор доштааст намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс дар ҷараёни Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президенти ҶТ.
Ӯ хотиррасон кардааст, ки раисҷумҳур зимни чаласаи соли гузаштаи Шӯрои машваратӣ “ҷонибдории худро дар масъалаи бартараф кардани монеаҳои деринаи сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ изҳор дошта буд”.
Ба ақидаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ, мавқеи кунунии Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зарурати рафъи монеаҳо ишора мекунад, ки ба соҳибкорон ҷиҳати тавсеаи тиҷорати худ ва ба сармоягузорон барои интихоби Тоҷикистон ба сифати кишвари афзалиятнок барои пешбурди тиҷорат имкон намедиҳанд.
Соли 2019-ро Ян-Петер Олтерс ҳамчун “соли заминавӣ” арзёбӣ мекунад, ки дар он Тоҷикистон аз тадбирҳои вокуниш дар давраи баъди буҳрон ба самти ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ гузашт.
“Дар марҳилаи рушди минбаъда таърихи иқтисоди муваффақи ба навгониҳо ва содирот равонашуда, ки ҷойҳои корӣ фароҳам оварда, аз бахши хусусӣ андоз меситонад, ба ҳадафҳои баланди рушди кишвар мусоидат мекунад”, – гуфтааст ӯ.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ таъкид доштааст, ки ҳукумат соли гузашта қарорҳои имкнопазирро дар самти ислоҳот қабул кард, ки аз шарикон оид ба рушд дастгирии онҳо дархост шуд.
Ӯ “фаъолияти ҷорӣ оид ба ислоҳот дар соҳаи андозро бо талоши ивази таҷрибаи мавҷудаи санҷишҳои андоз ба санҷишҳои аудиторӣ…, дар ҳамин ҳол риояи ихтиёриро ба сифати модели асосии амали мақомоти андоз” қайд кард.
Ёдрас мекунем, ки бо назардошти пешниҳоди андозсупорандагон, бахусус, бахши хусусӣ айни замон лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия мешавад.
Дар назар аст, ки қонунгузории нави андози ҷумҳурӣ аз моҳи сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


