Озмуни дастархонороӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд

Зинаи аввалро дар озмуни “Озмуни дастархонороӣ” дар шаҳри Душанбе, ки ҳамасола бо дастури сарвари давлат гузаронида мешавад, ноҳияи Сино ишғол кард. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, зинаҳои дуюму сеюмро ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур касб карданд. Тавре дар маълумот қайд мешавад, ҳайати ҳакамони озмун ба сарфакорона ва оқилона оростани дастархон, рӯйи он мавҷуд будани таъомҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зинаи аввалро дар озмуни “Озмуни дастархонороӣ” дар шаҳри Душанбе, ки ҳамасола бо дастури сарвари давлат гузаронида мешавад, ноҳияи Сино ишғол кард.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, зинаҳои дуюму сеюмро ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур касб карданд.

Тавре дар маълумот қайд мешавад, ҳайати ҳакамони озмун ба сарфакорона ва оқилона оростани дастархон, рӯйи он мавҷуд будани таъомҳои миллӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардааст.

Ғолиби озмун 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифта, ба иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ, ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар пойтахт доир мешавад, ҳуқуқ пайдо кард. Гирандагони ҷойҳои дуюм ва сеюми озмун мутаносибан бо 3 ва 1 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки охири соли 2018 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамасола баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ дар Тоҷикистон амр ба имзо расонид.

Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ кардани он, баланд бардоштани маданияти дастархонороӣ унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон се рӯз бориши борон ва омадани сел пешбинӣ мешавад

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.