Баррасии вазъи театр ва драматургияи тоҷик

Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон якҷо бо роҳбарон ва ҳунарпешаҳои театрҳои касбӣ, драматургон, коргардонҳо ва мунаққидон вазъи имрӯзаи театр ва драматургия тоҷикро баррасӣ кардаанд. Ин ҷаласа рӯзи 18-уми феврал бо роҳбарии муовини якуми вазири фарҳанг Обидҷон Назариён баргузор шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати мазкур. Дар он мавзӯъҳои мубрами фаъолияти театрҳо, аз ҷумла, мушкилоти драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият, ҷустуҷӯ ва […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон якҷо бо роҳбарон ва ҳунарпешаҳои театрҳои касбӣ, драматургон, коргардонҳо ва мунаққидон вазъи имрӯзаи театр ва драматургия тоҷикро баррасӣ кардаанд.

Ин ҷаласа рӯзи 18-уми феврал бо роҳбарии муовини якуми вазири фарҳанг Обидҷон Назариён баргузор шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати мазкур.

Дар он мавзӯъҳои мубрами фаъолияти театрҳо, аз ҷумла, мушкилоти драматургияи тоҷик дар замони Истиқлолият, ҷустуҷӯ ва ковишҳо дар асарҳои драмавии имрӯза, репертуари театрҳои кишвар, инчунин мақоми драматургия дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба мушкилоти театр ва зарурати таҳияи асарҳои барҷастае, ки муаммоҳои мубрами ҳаёти имрӯза ва дастовардҳои солҳои истиқлолиятро инъикос кунанд, ҳарф заданд. Зимнан пешниҳод гардидааст, ки байни драматургон ва коргардонҳо минбаъд ҳамкории зич роҳандозӣ шуда, намояндаи бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба шӯрои бадеии театрии Вазорати фарҳанг шомил карда шавад.

Таъсиси нашрияи театрӣ ва баргузории фестивалҳои байнулмилалии театрӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи таклифҳои дигаре буданд, ки зимни ҷаласа баён шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.