Осоишгоҳҳои марбут ба домоди президент аз пардохти андоз озод шуданд

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ” ва “Зумрад”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ барои ба ҷумҳурӣ ворид кардани таҷҳизот, техника ва масолеҳи сохтмон озод кард.

Қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус 8-уми феврали соли ҷорӣ қабул шудааст.

Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ вазифадор шудааст, ки назорат ва саривақт гузаронидани расмиёти гумрукии мол, таҷҳизот, масолеҳи сохтмон ва техникаи воридшавандаро таъмин кунад.

Имтиёзҳо ба наздики 90 номгӯйи молу таҷҳизот, техника ва масолеҳи сохтмон, ки ба ҶСП “Шоҳамбарӣ” ва ҶСП “Зумрад” оварда мешаванд, аз ҷумла, қандилу унитаз то санги мармару нақлиёти автомобилӣ ва ғайра дахл доранд.

Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дар 25 километрии шимолу ғарби шаҳри Душанбе воқеъ буда, яке аз осоишгоҳҳои бузургтарини Тоҷикистон ба шумор меравад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ соли 2016 тариқи тендер бастаи пурраи саҳмияҳои ин осоишгоҳро, ки майдони умумии қаламраваш беш аз 17 гектар аст, бо арзиши 3,1 млн сомонӣ (ҳудуди 395 ҳазор доллар бо қурби ҳамонвақта) фурӯхт.

Ба осоишгоҳ ширкати “Рӯҳафзо-2015” соҳиб шуд, ки Радиои Озодӣ онро ба Зайнулло Соҳибов, бародари домоди президенти кишвар Шамсулло Соҳибов марбут медонад.

Маҷмааи табобативу солимгардонии “Зумрад” солҳои 70-уми асри гузашта дар соҳили дарёи Исфара дар наздикии сарҳадоти муштараки Қирғизистону Ӯзбекистон сохта шудааст. Ин осоишгоҳ дар тамоми Осиёи Марказӣбо бо сарчашмаҳои минералӣ ва лойи муолиҷавии худ маъруф аст.

Охири соли 2015 ҳукумат ин осоишгоҳро бо арзиши 950 ҳазор доллар ба ширкати “Сомон-Суғд” фурӯхт, ки тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, онро Нарзулло Соҳибов, боз як бародари домоди президент роҳбарӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...