Ҳалокати 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиёт дар Қазоқистон

Дар роҳи мошингарди Карабутак–Костанайи вилояти Актюбински Қазоқистон як садамаи фоҷиабори нақлиёт рух дод. Дар ин бора Polisia.kz хабар медиҳад. Ҳодисаи мазкур нимаи рӯзи 25-уми феврал дар роҳи қаламрави шаҳраки Улка ба амал омада, ҳамаи фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, минивэни тамғаи “Honda”, ки дар дохилаш точикистониён буданд, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини боркаш (фура) […]

Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Карабутак–Костанайи вилояти Актюбински Қазоқистон як садамаи фоҷиабори нақлиёт рух дод. Дар ин бора Polisia.kz хабар медиҳад.

Ҳодисаи мазкур нимаи рӯзи 25-уми феврал дар роҳи қаламрави шаҳраки Улка ба амал омада, ҳамаи фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, минивэни тамғаи “Honda”, ки дар дохилаш точикистониён буданд, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини боркаш (фура) бархӯрдааст, ки ин мошинро сокини 52-солаи вилояти Алмаато идора мекард.

Гуфта мешавад, бар асари садамаи нақлиёт ронанда ва 3 мусофири мошини “Honda” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Идораи пулиси Қазоқистон бори дигар ронандагонро аз зарурати риояи қоидаҳои ҳаракат ва талаботи аломатҳои роҳ, инчунин ба назар гирифтани шароити обуҳаво огоҳ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.