Парлумон якдилона тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа»-ро маъқул шуморида, Кумитаи экологияро аз парокандашав

Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни баргузории ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ намояндагони мардумӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои экологии ҳукумат ва пардохти музди меҳнати кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳуриро ҳаллу фасл карданд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ Хурсандқул Зикиров гуфт, феълан дар қаламрави кишвар 9 барномаи давлатии марбут […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни баргузории ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ намояндагони мардумӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои экологии ҳукумат ва пардохти музди меҳнати кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳуриро ҳаллу фасл карданд.




Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ Хурсандқул Зикиров гуфт, феълан дар қаламрави кишвар 9 барномаи давлатии марбут ба ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда намешаванд. «Гузашта аз ин, имрӯз мо маблағе надорем, ки ба кормандони кумита ва пулиси экологӣ музди меҳнат пардохт намоем, ҳарчанд ҳамаи маблағҳои ҷарима ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлатӣ ворид мешаванд», – гуфт ӯ.



Х.Зикиров пешниҳод сохт, ки дар ҳамдастӣ бо ҳукумат ба қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа» тағйирот ворид карда шавад, то як қатор пардохтҳои марбут ба ҷаримабандӣ дар соҳаи экология ҷиҳати маблағгузории минбаъдаи кумитаи мо ба ҳисоби махсуси вазорати молия ворид гардад.



Зимни суханронӣ оид ба ин масъала намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов гуфт, агар ба қонуни мазкур тағйироту илова ворид нагардад, пас лозим меояд Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва пулиси экологиро барҳам диҳем.



Ҳамин тариқ, намояндагони мардумӣ якдилона тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа»-ро маъқул шуморида, Кумитаи экологияро аз парокандашавӣ наҷот доданд.



Ба ақидаи намояндагони мардумӣ, музди меҳнати кормандони кумитаи номбурда дар кишвар ба ҳисоби миёна ба 70-90 сомонӣ дар як моҳ баробар буда, маоши пасттарин дар кишвар аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.