Тоҷикистониён барои адои ҳаҷи умра ба Маккаву Мадина рафта наметавонанд

Бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард. Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ  дар Twitter  навиштааст, ки “вуруд ба шоҳигарӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра ва боздид аз ал-Масҷид ан-Набавӣ (Масҷиди Паёмбар) муваққатан […]

Asia-Plus

Бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ  дар Twitter  навиштааст, ки “вуруд ба шоҳигарӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра ва боздид аз ал-Масҷид ан-Набавӣ (Масҷиди Паёмбар) муваққатан боздошта шуд”.

Ғайр аз ин, воридшавӣ ба шоҳигарӣ бо раводиди сайёҳӣ аз кишварҳое, ки хуруҷи коронавирус дар онҳо тасдиқ шудааст, мутобиқи муқаррароти мақомоти тандурустии Арабистони Саудӣ низ муваққатан манъ шудааст.

Дар Тоҷикистон ба фиристодани шаҳрвандон ба адои маросими ҳаҷи умра ду ширкат – “Расул” ва “Ормон” машғуланд.

Рӯзи 29-уми феврал аз Душанбе ба макони муқаддаси Ислом фиристодани гурӯҳи навбатии зойирин аз ҷониби ширкати “Расул” пешбинӣ гардида буд.

"50 нафар рӯзи ҷумъа мебоист аз Душанбе ба Ҷидда парвоз карда, аз он ҷо ба Маккаву Мадина мерафтанд, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директори ширкат Саъдулло Қурбонов. – Агар онҳо розӣ шаванд, баъди бекор шудани манъи сафар аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саудӣ, мо онҳоро ба ҳаҷ мефиристем. Аммо ба касоне, ки мунтазир шуданӣ нестанд, пулҳояшонро бармегардонем".

Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Расул” қаблан се гурӯҳи иборат аз 100 нафар зойиринро ба ҳаҷи умра фиристодааст.

Ҳаҷи умра зиёрати хурди Макка буда, лекин на дар моҳи муқарраршуда барои ҳаҷ, балки дар ҳар вақти дигар анҷом дода мешавад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, соли гузашта 3 ҳазору 273 нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.