30 рӯзи дар озодӣ набудани Далер Шарифов

30 рӯз аст, ки Далер Шарифов, дӯст ва ҳампешаи рӯзноманигори ман дар озодӣ нест. Тақрибан соатҳои 10-и 28 январ ба ман тамос гирифта, гуфт, ки барои як суҳбат даъват шудааст. Ва ин суҳбат, тавре огоҳ ҳастем, ду моҳ ҳабси пешакии вайро дар пай дошт. Ӯ дар замоне боздошт шуд, ки Тоҷикистон ба ду маъракаи бузурги […]

Абдулазизи Восеъ, рӯзноманигор

30 рӯз аст, ки Далер Шарифов, дӯст ва ҳампешаи рӯзноманигори ман дар озодӣ нест. Тақрибан соатҳои 10-и 28 январ ба ман тамос гирифта, гуфт, ки барои як суҳбат даъват шудааст. Ва ин суҳбат, тавре огоҳ ҳастем, ду моҳ ҳабси пешакии вайро дар пай дошт.

Ӯ дар замоне боздошт шуд, ки Тоҷикистон ба ду маъракаи бузурги сиёсӣ омодагӣ мегирад. Яке аз онҳо интихоботи парлумонӣ аст, ки ҳамагӣ баъди як рӯзи дигар баргузор мешавад…

Далели боздошти Далерро бархеҳо дар Фейсбук рисолаи “Муҳаммад ва терроризм” гуфтанд. Рисолае, ки Далер бовар дошт, бо сиёсати ҳукумат дар мавриди муқовимат бо ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм дуруст мегирад.

Баъдан Додситони кулл ба 200 мақолаи давоми 7 соли ахир навиштаи ӯ ишора карда, онҳоро “дорои муҳтавои экстремистӣ” хонд. Далер дар гузашта чанд маврид ба мақомот даъват шуда буд, вале он замон дар навиштаҳояш “муҳтавои экстремистӣ” намеёфтанд. Гузашта аз ин, изҳороти додситонӣ собит мекунад, ки боздошти Далер Шарифов ба фаъолияти касбӣ рабт дорад. Яъне андешаи иддае аз ҳамкасбон, ки Далерро рӯзноманигор намешиносанд ва инро баҳонае барои худдорӣ аз изҳори назар дар мавриди қазияи ӯ месохтанд, бепоя аст. Дар ин қазия чанде аз онҳое ҳам сукут карданд, ки худро наҳангҳои журналистика мепиндоранд ва дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ, хосса ҳамасола дар рӯзи 3 май бо сароҳат аз ҳамраъйии журналистон ҳарф мезананд.

Журналистикаи тоҷик ҳоло ба марде шабоҳат дорад, ки ду пояш ланг аст. Аммо бояд иқрор шуд, ки вазъи ҳамраъйӣ ҳанӯз буҳронӣ нашудааст. Мисоли рӯшан ҳамин қазияи Далер Шарифов аст. Ҳампешаҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар карданд ва зери изҳороти журналистону ҷомеаи шаҳрвандӣ имзо гузоштанд. Изҳороте, ки дар он баррасии одилонаи парванда дархост мешуд. Ва ин ҳамон мақоли мардумии “то реша дар об аст”-ро ба ёд меовараду то андозае ба инсон умед мебахшад.

Ва инҷониб ҳам умед дорам, ки решаи ҳамраъйӣ торафт на хушк, балки бузургтару бузургтар мегардад. Ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар сурати пеш омадани қазияҳои монанд, ҳатто барои онҳое ки дар чунин қазияҳо худро канор мекашанд, бетарафӣ ихтиёр намекунанд.

Далер аз нафароне буд, ки дар лаҳзаи душворӣ дасти ҳампешаҳоро мегирифт. Мисоли рӯшан қазияи ҳамкасби дигари мо М.Ҳ. аст, ки Далер аз рӯзи аввал то поёни ин қазия дар паҳлӯи ӯ буд ва кумак мерасонд. Инро ҳамаи афроди огаҳ аз қазияи мазкур медонистанд (ва мутаассифона, дар қазияи М.Ҳ. низ бархе журналистон дар сангари муқобил қарор гирифта, матлабҳои зананда навиштанд).

Умедворам, қазияи Далер Шарифов бо хубӣ меанҷомад ва сӯитафоҳумҳо бартараф мегарданд. Дубора дар озодӣ сари як пиёла чой ё як финҷон қаҳва дар ҷамъи дӯстон аз шӯхиҳои ӯ завқ карда механдем…

Бознашр аз торнигори “Фонус”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.