Тамдиди муҳлати тавофуқномаи омодасозии устодон байни Бунёди бурсияи Кембриҷ ва ДОМ

Бунёди байналмилалии кишварҳои ҳамсуд ва Аврупо (Бунёди бурсияи Кембриҷ) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) рӯзи 26-уми феврали соли 2020 тавофуқномаи ҳамкории худро бо ҳадафи омодасозии устодон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои 3 сол тамдид карданд. Ин тавофуқнома идомаи ҳамкориҳоест, ки аз соли 2017 шурӯъ шуда, барои донишҷӯёни лаёқатманди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари Осиёи […]

Бунёди байналмилалии кишварҳои ҳамсуд ва Аврупо (Бунёди бурсияи Кембриҷ) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) рӯзи 26-уми феврали соли 2020 тавофуқномаи ҳамкории худро бо ҳадафи омодасозии устодон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои 3 сол тамдид карданд.

Ин тавофуқнома идомаи ҳамкориҳоест, ки аз соли 2017 шурӯъ шуда, барои донишҷӯёни лаёқатманди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ имконият медиҳад, ки дар бахши коршиносии аршад (магистратура) ва доктории донишгоҳи Кембриҷ таҳсил кунанд.

Маросими имзо шудани тавофуқнома дар Маркази Оғохон дар Лондон бо ҳузури Шоҳзода Заҳро Оғохон ва раису аъзои Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва 150 меҳмони дигар баргузор шуд.

Дар ин маросим муовини канслери донишгоҳи Кембриҷ профессор Стивен Ҷ. Туп дар мавриди “Ҷаҳонӣ кардани таҳсилоти олӣ ва нақши он дар рушд ” суханронӣ кард. Профессор Туп таъкид кард, ки руҳияи ҷустуҷӯи дониш, ки бунёди таҳсилоти олӣ аст, аз пушти дарҳои баста рушд намекунад ва бештарин ҷаҳиш дар илму дониш ҳангоми фаротар рафтан аз марзҳои муайяни илмӣ ва ҷуғрофиёӣ рух медиҳад.

“Албатта, намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ кардани таҳсилоти олӣ дар фаъолияти Шабакаи Оғохон оид ба Рушд (AKDN) ва созмонҳои омӯзишии он дар Осиёи Марказӣ, Покистон ва Африқои шарқӣ нишон дода шудааст”, – гуфт профессор Туп. – Донишгоҳҳои таъсиргузор бояд қудрати ҳамкориҳои стратегиро истифода кунанд. Интихоби илҳомбахши манотиқи кӯҳистонӣ барои се шаҳраки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дастгирии молии саховатмандонаи донишҷӯён, ки дар сурати ғайр наметавонистанд ба таҳсилоти олӣ даст ёбанд, нишон медиҳад, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар рушди фикрӣ ва иқтисодии ин минтақаҳо нақши муҳиме дорад.

Ӯ дар идома изҳор дошт: “Ҳаргиз фаромӯш накунем, ки ҳадаф ва истеъдодҳои донишгоҳҳои мо бештар аз ҳар созмонҳои дигари ҷаҳон ба мо имкон медиҳад, ки дар эҷод, гирдоварӣ ва паҳн намудани дониш саҳмгузорӣ кунем, то ба пешрафти ҷаҳон кумак кунад ”

Пас аз ин профессор Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар мавриди дастоварҳои охирини Донишгоҳ ва раванди фаъолияти он ба унвони муассисаи омӯзишии сатҳи ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, ки  барои беҳбуди сифати зиндагии ҷомеаҳои манотиқи куҳистонӣ дар мавзӯҳои мубрам тадқиқот мегузаронад ва бо ташкилотҳои AKDN кор мекунад, суханронӣ кард.

“Донишгоҳи Осиё Марказӣ худро пойпанди ироа кардани омӯзиши босифат ба донишҷӯёни давраи бакалавриат ва рушди ҳайати омӯзгорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ медонад”, – илова кард профессор Суҳайл Нақвӣ. – Бурсияи муштараки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ-Кембриҷ аз тариқи тавофуқномаи нав барои табодул ва зарфиятсозии муаллимон дар минтақа заминаи беназиреро фароҳам мекунад.”

Ҳелен Пеннант, роҳбари Бунёди бурсияи Кембриҷ низ дар суханронии худ қайд кард, ки пас аз як даҳсолаи ҳамкориҳои муваффақона бо камоли хушнудӣ ин ҳамкориро тамдид мекунад, ки он боиси омадани донишҷӯёни лаёқатманди бештар аз Осиёи Марказӣ ба Кембриҷ мешавад”.

“Бунёди Кембриҷ аз ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар заминаи рушди устодони оянда ва ҷомеае, ки барои он хидмат мекунанд, ифтихор мекунад”, – афзуд Барбара Стокинг, иҷрокунандаи вазифаи раиси Бунёди Кембриҷ.

Ин бурсияҳо бахше аз Барномаи омодасозии устодони Осиёи Марказӣ (CAFDP) мебошанд, ки бо ҳадафи ҷалби бештари намояндагони кишварҳои ин минтақа ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Довталабон бояд ба талаботҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва меъёрҳои дохилшавии донишгоҳи Кембриҷ ҷавобгӯ бошанд. Ҳамкории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Бунёди Кембриҷ ба  сифат ва собиқаи ҳар ду донишгоҳ такя мекунад, то сифати зарфияти илмии устодони ояндаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баланд гардад.

Эзоҳ:

Ҳадафи умумии Донишгоҳи Кембриҷ, Бунёди бурсияи Кембриҷ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ироа кардани омӯзиши босифат ва истифода бурдани дониш ба манфиати ҷомеа мебошад. Интизор меравад, ки олимон ва пажӯҳишгарони ҳарду донишгоҳ ва дар маҷмӯъ AKDN аз ин ҳамкориҳо барои анҷом додани тадқиқот дар арсаҳои муҳим барои Осиёи Марказӣ баҳра хоҳанд бурд. Бунёди бурсияи Кембриҷ дар ҳамкорӣ бо шарикон дар саросари ҷаҳон бештарин теъдоди бурсияҳои гуногунро барои донишҷӯёни болаёқати хориҷӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ фароҳам мекунад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Шартномаи таъсисӣ ва Оинномаи ин донишгоҳи хусусӣ, дунявӣ ва ғайритиҷоратӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон имзо шуда, аз сӯи парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ як муассисаи омӯзишии беназирест, ки ба рушди манотиқи куҳистон таваҷҷуҳ мекунад. Шаҳракҳои донишҷӯии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи ин донишгоҳро меъмори ҷоизадор – Арата Исозакӣ тарҳрезӣ кардааст, ки дар Норини Қирғизистон ва Хоруғи Тоҷикистон қарор доранд. Шаҳраки донишҷӯии Текелӣ дар Қазоқистон феълан дар марҳилаи банақшагирӣ аст. Мактаби олии Рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ иборат аст ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ин донишгоҳро шурӯъ аз соли 2006 150 ҳазор донишомӯз хатм кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.