Дар Тоҷикистон боз 2 ташкилоти қарзӣ барҳам мехӯрад

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарорҳои навбатии худ дархостҳои Фонди қарзии хурди “Наҷм” ва ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тиҷорат-Қарз”-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд. Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, тибқи қарорҳои зикршуда, иҷозатномаҳои ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”, ки аз ҷониби Бонки миллӣ барои анҷом додани амалиётҳои […]

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарорҳои навбатии худ дархостҳои Фонди қарзии хурди “Наҷм” ва ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тиҷорат-Қарз”-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, тибқи қарорҳои зикршуда, иҷозатномаҳои ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”, ки аз ҷониби Бонки миллӣ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд мешаванд.

Гуфта мешавад, мақомоти ваколатдори ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”- вазифадоранд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ, бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис дода, ба БМТ маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-уми майи соли гузашта дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия ва андоз, гумрук ва соҳаи бонкӣ изҳор дошт, ки бар асари буҳрон дар низоми бонкӣ шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи 4 соли охир қариб ду баробар кам шудааст. Ин тамоюлро сарвари давлат ба буҳрон дар низоми бонкӣ марбут донист.

Ба гуфтаи ӯ, то оғози буҳрон дар низоми бонкӣ, соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ фаъолият дошта, охири соли гузашта шумори онҳо то 79 ташкилот кам шуд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки аз ҳама бештар иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурд бозхонд шуда, шумори онҳо аз 125 адад дар соли 2012 то 62 адад дар соли 2018 коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.