Тоҷикистон ба сохтмони роҳ аз канори обанбори Роғун ҳудуди $400 млн харҷ мекунад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якчанд созишномаи бунёди роҳи мошингардро аз канори нерӯгоҳи Роғун тасдиқ кард. Бунёди роҳ охири соли 2025 пурра ба итмом мерасад. Мувини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Раҷабӣ ба вакилон хабар дод, ки бунёди роҳи нав аз лиҳози манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ барои ҳукумати Тоҷикистон афзалияти стратегӣ ба шумор меравад. Ба гуфтаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якчанд созишномаи бунёди роҳи мошингардро аз канори нерӯгоҳи Роғун тасдиқ кард. Бунёди роҳ охири соли 2025 пурра ба итмом мерасад.

Мувини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Раҷабӣ ба вакилон хабар дод, ки бунёди роҳи нав аз лиҳози манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ барои ҳукумати Тоҷикистон афзалияти стратегӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ӯ, ин роҳ қисмате аз долони муҳими байнулмилалӣ буда, дастрасӣ ба имконоти иқтисодӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоиро барои 17 маҳаллаи аҳолинишини кишвар таъмин мекунад.

Барои амалисозии лоиҳа ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ 350 млн доллар маблағ ҷудо карда, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон 28 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳа сохтмони ҳудуди 75 километр роҳи духата, якчанд пул ва нақбҳо пешбинӣ шудааст.

Юсуф Раҷабӣ таъкид дошт, ки барои татбиқи лоиҳа Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба сифати қарз 150 млн доллар, Фонди рушди байнулмилалии ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) – 40 млн, Бонки осиёии зерсохтор ва сармоягузорӣ – 50 млн ва Бонки осиёии рушд ба сифати грант 110 млн доллар маблағ ҷудо мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ин роҳ байни Обигарм ва Нуробод аз канори обанбори нерӯгоҳи Роғун сохта мешавад. Қитъаи пешинаи роҳ бо тадриҷан пур шудани обанбори нерӯгоҳ зери об мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.