Шаҳиди роҳи зебоӣ: Ёдкарде аз Муҳиддини Олимпур

Date:

Муҳиддини Олимпур, хабарнигор ва аксбардори шуҳратёри тоҷик, агар умр вафояш мекард, рӯзи 2 март ба синни 74 мерасид. Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995, дар рӯзҳое ки дар Тоҷикистон ҷанги хунини шаҳрвандӣ идома дошт, дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд. Мақомот дар қатли Муҳиддин Олимпур 5 узви дастаи Нозим Юнусов, маъруф ба Эшони Нозим, як фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳонро гунаҳкор карданд ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Вале бо ин вуҷуд суолҳои зиёде пиромуни ин террор, аз ҷумла дар бораи сабабҳои куштори журналисти маъруф ва фармоишгаронаш беҷавоб боқӣ мондаанд. “Чунин касеро намешавад дӯст надошту арҷ нагзошт. То дунё дунёст, Муҳйиддини Ъолимпур барои мо чашму чароғи дилбохтагисту худшиносӣ”, – навиштааст Дориюши Раҷабиён дар васфи Олимпур. “Муҳиддини Олимпур то қарни "Фотошоп" назист, аммо аксҳояш на он вақт, на имрӯз ва на фардо ба тағйиру такмили электронӣ ниёз надоштаанду нахоҳанд дошт”, – менависад Салими Аюбзод ва меафзояд, ки Олимпур як умр лабханд дар лаб зист ва лабханд дар лаб аз дунё рафт…

Гирйистам

Dariush Rajabian

Ҳисобӣ ашк рехтам ба ёди пешкисватам Муҳйиддини Ъолимпур, ки дар авҷи зиндагиаш, нарасида ба панҷоҳсолагӣ пар заду рафт.

Одаме дигар буд, бо нигоҳе мутафовит; чи аз пушту зовияи дурбину чи дар нивиштаҳову барномаҳои шунидорию дидориаш.

Дунёро чунон зебо медид, ки худбахуд мафҳуми зебоии дунёро ба мухотабонаш мекӯчонд.

Басанда буд сонияе чанд пои суҳбаташ бишинӣ, то бигӯӣ "Зиндагӣ зебост! Дуруд бар зиндагӣ! Зистан ҳунар аст!"

Ҳам зебоии зиндагӣ дар ӯ табалвур дошт ва ҳам ҳунари зистан, ки ӯ дунёи худро сохта буду аз он лаззат мебурд.

Дунёи Муҳйиддин дунёи ъишқу тарона буд; дунёи ҳамдилию ҳамзабонию ҳамбошӣ буд. Садову симое буд, ки мои кӯдаку навҷавонро бо худамон, бо дуруфтодагонамон, бо забонамон, бо ҳувийяатамон ошно мекард. Бе баҳсу ҷору ҷанҷол, сирфан бо бозтофтани ҷилваҳои зебои зиндагӣ; бо намудан ва гоҳ бозофаридани зебоиҳо.

"Ситораҳои Шарқ"-и ӯ ахтарҳои фаровонеро дар осмони шӯравизадаи зеҳни мо дигарбора фурӯзон кард; маръӣ ё диданӣ кард; ва аз он роҳе, ки ӯ мегуфт, роҳаттар ба дарки худамон расидем, худамонро шинохтем, худамонро дӯст доштем…

Чунин касеро намешавад дӯст надошту арҷ нагзошт. То дунё дунёст, Муҳйиддини Ъолимпур барои мо чашму чароғи дилбохтагисту худшиносӣ.

Сипос мар Аҳуроро, ки саъодати чандин дидор бо ин арҷманд фарзанди Меҳан ба ман даст доду шинохтам аз ин фарзонамард такмил шуд.

Зодрӯзи Ъолимпури ъазизро ба ҳамаи мову шумо ва пеш аз ҳама ба хонадонаш, ба Бобоҷон Мирзосаъиду Ёсуманҷону Сипеҳрҷону Порсоҷон, шодбош мегӯям, бо орзуи оромиши равони шоди бону Офоқи Ъолимпур, ҳамроҳи ъазизи зиндагии ӯ.

МЕДИА (IFRAME)

Лабханди ҳамешсабзи фарзанди навбаҳор

Салими Аюбзод

Одамоне ҳастанд, ки ба хотири мо ҳамеша дар ҳоли лабханд задан падид меоянд. Бо лабханд дар ёди мо нақш бастаанд. Оё лаҳзаҳое буда, ки Олимпур хашмгин шуда бошад? Ё малулу афсурда?

Ҳаргиз. Ман боре ҳам ӯро дар чунин ҳол надидаам. Вай аз зумраи касоне буд, ки умед ба накӯӣ ҳаргиз таркашон намекард. Дар бадтарин лаҳзаҳо байтҳои Саъдӣ ва Ҳофизро ба ёд меовард. Дар бораи он ки мушкиле нест, осон нашавад ва даври гардон доиман яксон намонад.

Касе буд, ки аз камтарин хубӣ ба осмонҳо парвоз мекард ва бо дидани камтарин зебоӣ ба важд меомад, одати кӯдаконаи тааҷҷубу таҳайюрро набохта буд. Талош мекард, бештар дар миёни дӯстонаш ё дар байни одамони зебо бошад ва аз кинатузону бадчеҳрагон канора меҷуст.

Муҳиддини Олимпур то қарни “Фотошоп” назист, аммо аксҳояш на он вақт, на имрӯз ва на фардо ба тағйиру такмили электронӣ ниёз надоштаанду нахоҳанд дошт. Фарзанди навбаҳор, шаби 2-вуми марти соли 1946 ба дунё омада, тамоми умр, то дами қатлаш — шаби 12-уми декабри соли 1995, ошиқи ҷовидонаи баҳор ва зебоӣ буд.

Зебоии одамон, шаҳру деҳ ва кӯҳу дамани кишвар аз чашми зебошиноси ӯ пинҳон намемонд. Гоҳо дар интизори дамидани субҳ шабҳоро дар кӯҳу дашт саҳар мекард ва ё соатҳо лаҳзаи парвози кабке ё нигоҳи ғизолеро мепоид. Садҳо бор тугмаи дастгоҳашро пахш мекард, ҳазорон акс мегирифт ва аз онҳо якеро барои бинандаҳояш бармедошт.

Шоҳид будам, ки аз ин саҳнаи рақс ду навор акс гирифт, вале танҳо инро баргузид. Лаҳзаеро, ки дар нигоҳи бонуи арғуштӣ ишқ оташак зад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин хушбахтӣ насибам буд, ки бо Муҳиддин солҳо дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳамкор будам ва коргоҳи нигорини ӯ беҳтарин маҳфили шеъру достон ва рақсу мусиқӣ буд. Нодиртарин китобҳои чопи Эрону Афғонистон ва Амрикоро аз коргоҳи ӯ мегирифтем, нахустин клипҳои Гугушу Дориюш ё Сатторро дар коргоҳи ӯ тамошо мекардем, дар камтарин ҳолат моро ҳамеша пиёлае чой ё қаҳва ин ҷо бароямон муҳайё буд.

Чӣ афроди бузурге меҳмони коргоҳи ӯ мешуданд! Чӣ афроди зебову нотакроре. Аз дуру наздик, аз дохилу хориҷ. Баъд хабари марги муфоҷояш ҳазорон нафарро дар Аврупову Амрико такон дод, садҳо мисраъ шеър барояш марсия шуд. Рӯзномаи “Кайҳон”-и чопи Лондон навишт, Олимпур ва Осимиро оҷирони Узбакистон куштанд, зеро инҳо афроде буданд, ки барои таҳкими фарҳанги Тоҷикистон ва густариши равобити тоҷикон бо форсизабонони ҷаҳон бузургтарин хидматро мекарданд.

Овозхони машҳур Гугуш, ки дар зиндагӣ сахтиҳои зиёде дидааст, гуфт, рӯзи марги Олимпур бадтарин рӯзи зиндагияш будааст. Саттор ҳар сол дар иди Наврӯз аз Олимпур зикри хайр мекунад ва ба ёд меорад, ки бо талошҳои Муҳиддин аввалин овозхони эронӣ шуд, ки дарҳои Тоҷикистонро боз кард. Боқири Муин ёдномаеро ба форсию инглисӣ зери унвони “Бинишвари тоҷик” ба нашр расонд.

Моҳи октябри соли 2008 Додгоҳи Олии Тоҷикистон панҷ наврасро дар куштори Олимпур айбдор донист ва бархе аз онҳоро то ба 15 соли ҳабс маҳкум кард. Мегӯянд, қотилон ба амали худ иқрор кардаанд, аммо фармоишгар ё фармоишгарони ин қатл ифшо нашуданд. Ин панҷ нафар аз гурӯҳи Нозим дар ноҳияи Ваҳдат ва мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик будаанд. Маълум нашуд, барои онҳо чӣ зарур буд, шахсеро, ки аз сиёсат фарсахҳо канора меҷуст, ваҳшиёна ба қатл расонанд.

Бо вуҷуди ҳукми додгоҳ парванда ҳамоно нобоварбахш боқӣ мемонад. Ҷиноятпажӯҳон ва корогоҳон куштори Олимпур ва хабарнигори шабакаи русии ОРТ, Виктор Никулинро ба ҳам васл карданд ва онҳоро рӯйдодҳои ҳамсон номиданд, вале дар ҳоле ки Никулин бо гузоришҳои якҷонибаву шадидуллаҳнаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон метавонист, касе аз тарафдорони оппозисюни тоҷик ё қочоқбарони маводи мухаддирро ба хашм оварад, Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва куллан низ ӯ мавзӯъҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард.

Аз сӯи дигар ривояти инки чунин шахси боэҳтиёт чи гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун раваду ба мошини онҳо савор гардад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад.

Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, мегӯяд, дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар таҳқиқи ҷиноӣ ба ин ҷузъиёт диққат дода нашуд.

Муҳиддин Олимпур аз пешоҳангони журнализми тоҷик буд ва дар давраи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар аз соли 1992 то соли 1997 дар Тоҷикистон зиёда аз 70 журналист кушта шудаанд.

Шаби 12 декабри соли 1995 шояд он лаҳзае буд, ки Муҳиддини Олимпур ҳам ба хашм омад ва ҳам афсурдаву андӯҳгин шуд. Вай дар он лаҳзаҳо бепаноҳии комили инсони бузургро дар баробари мили силоҳи ҷоҳилон ҳис кард. Ғам хӯрд, ки дигар чеҳраи зебои фарзандонашро нахоҳад дид ва дурахши нигоҳаш дар оинаи дурбини аккосияш хомӯш гашт. Дигар зебоиҳои мардумашу мулкашро рӯи навор нахоҳад овард.

Дастони хунолуди шайтонӣ симои ӯро бо он лабханди зебояш аз манзараи умумие буриданду берун кашиданд, ки дар он фақат ҷасадҳо буданду ашку ғаму хуни баноҳақ. Акси ӯ ба ин манзара намегуфт. Акси ӯ ҷойи бениҳоят зиёдеро мегирифт…

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ТЕРРОРИ МУҲИДДИНИ ОЛИМПУР

Муҳиддини Олимпур, хабарнигор ва аксбардори шуҳратёри тоҷик, 12 декабри соли 1995, дар рӯзҳое ки дар Тоҷикистон ҷанги хунини шаҳрвандӣ идома дошт, дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд. Мақомот дар қатли Муҳиддин Олимпур 5 узви дастаи Нозим Юнусов, маъруф ба Эшони Нозим, як фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳонро гунаҳкор карданд ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Вале бо ин вуҷуд суолҳои зиёде пиромуни ин террор, аз ҷумла дар бораи сабабҳои куштори журналисти маъруф ва фармоишгаронаш беҷавоб боқӣ мондаанд.

Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод (ҳоло – Суғд) ба дунё омада, солҳои зиёде дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», хабаргузории Ховар” ва ҳамчунин ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Солҳои 1990-1995 Муҳиддин Олимпур мудири дафтари радиои ББС дар Душанбе буд. Олимпур муаллифи ду китоб ва силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ буда, барои гузоришҳо ва аксҳои нотакрораш барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шудааст. Барномаҳои ӯ – Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” ва "Ситораҳо Шарқ” – аз шоҳкорҳои журналистикаи телевизионии тоҷик эътироф шудаанд.

Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Ҷасади ӯро субҳи дигар аз ҷӯйборе дар роҳ ба сӯи Ҷазира” – биноҳои Донишгоҳи миллӣ пайдо карданд.

Мардони Муҳаммад, хабарнигори собиқи ББС, ки ҳамроҳи Муҳиддин Олимпур кор мекард, дар бораи он рӯзи наҳс дар суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” чунин қисса кардааст: “Охири моҳи декабри соли 1995 дар Эрон бояд намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур баргузор мешуд. Санаи 12 декабр Муҳиддин Олимпур аз банда ва Нурмуҳаммад Холзода хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ӯ барои ин намоиш аксҳои мувофиқ интихоб кунем. Олимпур худ медонист, ки кадом аксҳоро мебарад, аммо ба ҳар ҳол фикри моро пурсидан мехост. Ҳамин тавр, мо то дер дар коргоҳ мондем… Чун корамон ба охир расид, ҳар се аз дафтар берун шудем. Олимпур гуфт, ки автобус интизор мешавад, мо бошем хайрухуш карда пиёда ба хона рафтем. Саҳар вақте кор омадам, хабари марги Олимпур шунидам… Дар ибтидо бовар накардем. Саёҳат Неъматова, ки корманди ҳукумат буд ба раиси Кумитаи давлатии бехатарӣ Сайидамир Зуҳуров занг зада ҳақиқат доштани хабарро пурсон шуд. Зуҳуров “ҳоло тасдиқ нашудааст”- гӯён гӯширо гузошт. Ҳамин лаҳза нависанда Ӯрун Кӯҳзод вориди офиси мо шуда, гуфтанд: — Олимпурро дар назди ҷазира ба қатл расонида, ҷасадаш дар ҷӯйбор аст. Рафта ӯро саришта кунед… Вақте мо ҷониби ҷазира давидем, аз пешамон чанд корманди милитсия баромад. Онҳо аллакай Олимпурро бурда буданд”.

Ба андешаи Мардони Муҳаммад, Олимпур ба эҳтимоли зиёд қотилони худро мешинохт, зеро ба мошини онҳо савор шуда, аз Иттифоқи нависандагон то ба «Ҷазира» омадааст: “Ӯ аз истгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба автобус не ба мошин савор шудааст. Яъне ӯ ронандаи мошинро мешинохт… Ҷузъиёти марги Олимпурро нагуфтанд, аммо овозаҳо буд, ки ӯро киллери касбӣ бо ду тир куштааст.”

Тафтиши парвандаи қатли Муҳиддин Олимпур чандин сол тӯл кашид ва танҳо дар соли 2003 нахустин нафарон – сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро бо ҷурми даст доштан дар ин террор маҳкум ба зиндон карданд. Сипас Насрулло Шарифов, як гумонбари дигарро, ки ба Русия фирор карда ва дар он ҷо бо ҷурми ғоратгарӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод ва ба зиндон маҳкум карданд.

Дар соли 2007 боз ҳам аз Русия Аслам Усмонов, боз як нафари дигари гумонбар дар қатли журналисти маъруфро ба Тоҷикистон оварданд. Соли 1995, вақте Олимпурро куштанд, Аслам Усмонов ҳамагӣ 16 сол дошт. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ ҷузъиёти сӯиқасд ба ҷони Олимпурро нақл карда, гуфтааст, ки дар ин сӯиқасд дар маҷмӯъ 5 узви дастаи Эшони Нозим – Адҳам Тоиров, Назрибек Давлатов, Насрулло Шарифов, худи Аслам Усмонов ва боз Муртазо Ҳомидов ном нафаре, ки сарнавишти баъдиаш номаълум аст, иштирок доштаанд. Эшони Нозим (Нозим Юнусов) дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Кофарниҳон (қаблан – Орҷоникидзеобод, ҳоло – Ваҳдат) буд ва дараи Ромит асосан таҳти назорати нирӯҳои ӯ қарор дошт. Эшони Нозим дар поёни солҳои 90 дар як муноқишаи мусаллаҳонаи байни ҷангиёни мухолифин дар Кофарниҳон кушта шуд.

Худойназар Асозода, сухангӯи пешини ВКД Тоҷикистон баъди истирдоди Аслам Усмонов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки эътирофоти Аслам Усмонов дар ҷараёни бозпурсиҳо қазияи куштори Муҳиддин Олимпурро хеле рӯшантар ва дасти ҷангиёни Эшони Нозим дар ин кушторро собит кард: “Аъзои ҳамин дастаи ғайриқонунӣ бо фармони сардори даста, ки бо мақсади куштани директории бахши форси радиои В-В-С марҳум Муҳиддин Олимпур ба шаҳри Душанбе омада буданд, ба қароргоҳи ӯ, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, хонаи 54 рафта, ӯро иҷборан бо худ мебаранд ва дар рӯ ба рӯи истгоҳи бозори «Баракат» онҳо ба сӯйи Муҳиддин Олимпур аз туфангчаи тамғаи Макаров ду тир паронда, ҷасадашро дар ҷӯйбори назди бинои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мепартоянд. Ҳамин тариқ онҳо ходими давлатӣ, рӯзноманигор Муҳиддин Олимпурро бинобар фаъолияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо ҳадафи суст кардани ҳокимияти давлатӣ ба қатл расонидаанд.”

Салими Аюбзод ва Носирҷон Маъмурзода соли 2007 дар як гузориши муфассал дар Радиои Озодӣ навишта буданд, ки мақомоти тафтишотӣ ангезаи ин кушторро ба таври комил шарҳ надоданд ва “агар ҳатто афроди айбдоршуда ва ин боздоштшудаи нав дарвоқеъ қотилони Олимпур бошанд ҳам, фармоишгарони ин куштор дар паси парда боқӣ мондаанд. Ба ҳар ҳол фарзияи мақомоти тафтиш начандон боварбахш аст. Мақомоти тафтиш ва бархе аз коршиносон куштори Олимпур ва хабарнигори шабакаи русии ОРТ Виктор Никулинро ба ҳам васл медиҳанд ва рӯйдодҳои ҳамсон меноманд, вале дар ҳоле ки Никулин бо гузоришҳои шадидлаҳнаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон метавонист, касе аз тарафдорони оппозисюни тоҷикро ба хашм оварад, Олимпур дар фаъолияти хабарнигорияш кӯшиш мекард, ба мавзӯъҳои сиёсӣ ва ҳассос дахл накунад. Ва куллан низ ӯ мавзӯъҳои фарҳангиро хуш дошту аз низоъ, хусумат ва зиштиҳо фирор мекард. Аз сӯи дигар ривояти инки чунин шахси боэҳтиёт чи гуна розӣ шудааст, бо афроди ношиносе аз коргоҳаш берун равад ва он ҳам дар ҳоле ки дар кишвар ҷангу хунрезӣ идома дорад, низ шубҳабарангез мебошад. Ҷасади ӯ субҳи рӯзи дигар кашф гардид ва ҳодиса гуфта мешавад, шомгоҳон ё шабона ба амал омадааст. Оё муфаттишон гуфта метавонанд, ки дар чандсадметрии кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна амнияте вуҷуд надоштааст, ки шахсеро дар ин ҷо ба зарби гулула бикушанд? Яке аз пизишкони осебшинос, ки дар колбадшикофии ҷасади Олимпур ширкат кардааст, мегӯяд, дар меъдаи ӯ палаве буд, ки шоми он рӯз ва соате пеш аз кушта шуданаш истеъмол шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ва ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Вале дар парванда ба ин ҷузъиёт диққат дода нашудааст.”

Бобо Олимпур, писари Муҳиддин Олимпур, ду сол пеш гуфт, ҳатто баъди содир шудани ҳукми қотилони падарашон ҳам онҳо аз ҷараёни таҳқиқ пурра розиву қонеъ нашуданд: “Дар мурофиа ширкат карда будем ва се нафар аз 10 то ба 15 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Албатта, мо чандон аз ин ҳукм қаноатманд набудем, зеро онҳо аллакай падари моро кушта буданд ва ҳеҷ ҳукме наметавонад дарди фавти падарамро даво бахшад. Дар бораи сарнавишти минбаъдаи қотилони маҳкумшуда ҳеҷ иттилоъ надорам.”

Бино ба омори Хазинаи гиромидошти журналистони тоҷик, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон беш аз 70 журналист кушта шудаанд, вале парвандаи қатли аксари онҳо пурра таҳқиқ нашудааст ва қотилони ин журналистонро ба ҷавобгарӣ накашондаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар 5 соли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор нафар кушта шуданд. Аксари онҳо на дар майдони ҷанг ё барои ақида, балки дар ҷараёни амалиётҳои ба ном "поксозӣ” ("чистка”) фақат барои намояндаи ин ё он минтақа буданашон қатл шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...