Сокини пойтахт барои хариду фурӯши одамон дастгир шуд

Як марди 67-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон боздошт шудааст. Тибқи иттилои ВКД, ин мард соли 2017 ширкати ҶДММ “Имкон-2015”-ро ташкил карда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини кӯчаи Каҳҳорови пойтахт даромада, ӯро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдааст. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як марди 67-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон боздошт шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард соли 2017 ширкати ҶДММ “Имкон-2015”-ро ташкил карда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини кӯчаи Каҳҳорови пойтахт даромада, ӯро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдааст.

Дар он шаҳр ин занро муддати зиёда аз 6 моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ қарор дода, ҳуқуқашро ба пуррагӣ маҳдуд кардаанд ва бе музди маошу соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд.

Нисбат ба гумонбар аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.