Дар парлумони тозаинтихоб 3 ҳизб фраксия таъсис медиҳанд

Дар парлумони тозаинтихоби ҷумҳурӣ Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар баробари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фраксияҳои худро таъсис медиҳанд. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода хабар дод, дар парлумони нав ин ҳизб соҳиби 7 курсии вакилӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, 4 нафар аъзои ҳизб тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб шуда, 3 нафари дигар […]

Дар парлумони тозаинтихоби ҷумҳурӣ Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар баробари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фраксияҳои худро таъсис медиҳанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода хабар дод, дар парлумони нав ин ҳизб соҳиби 7 курсии вакилӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, 4 нафар аъзои ҳизб тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб шуда, 3 нафари дигар дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ аксари раъйи мардумро ба даст оварданд.

“Ба ғайр аз рӯйхати ҳизбӣ, номзадҳои пешбарикардаи мо дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Восеъ, Спитамен ва Ӯрунхоҷаев ғолиб дониста шуданд”, – иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, аҳзоби сиёсие, ки на камтар аз 5 курсии вакилиро ишғол мекунанд, дар парлумон фраксияҳои худро ташкил карда метавонанд.

Латифзода таъкид дошт, ки дар парлумони даъвати пешина Ҳизби аграриро 5 вакил намояндагӣ мекарданд.

Ба ҷуз Ҳизби аграрӣ, дар парлумони нав бори нахуст дар таърихи худ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ фраксияи худро таъсис медиҳад.

Раиси ҳизб Рустам Қудратов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки 4 нафар аъзои ҳизб тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба парлумон роҳ ёфта, 1 намояндаи ҳизб дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Бохтар пирӯзӣ ба даст овардааст.

Дар парлумони даъвати пешина Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 3 курсии вакилӣ дошт.

Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон, наздики 47 курсии вакилиро дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон аъзо ва номзадҳои пешбаришудаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ишғол карданд.

Ҳамчунин 2 намояндаи Ҳизби коммунист ва 1-тогӣ намояндагони Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайати парлумони нав роҳ ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.