Рустами Эмомалӣ ба таъсиси комиссия оид ба номгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дастур дод

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, даъвати шашум 13-уми марти соли равон даъват карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар иҷлосия натиҷаҳои интихоботи вакилон ба маҷлиси шаҳрӣ баррасӣ шуда, ҳамчунин комиссияҳои доимӣ ва муваққатии маҷлиси вакилони пойтахт таъсис дода мешаванд. Масъалаи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлис оид […]

Аваз Юлдошев

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, даъвати шашум 13-уми марти соли равон даъват карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар иҷлосия натиҷаҳои интихоботи вакилон ба маҷлиси шаҳрӣ баррасӣ шуда, ҳамчунин комиссияҳои доимӣ ва муваққатии маҷлиси вакилони пойтахт таъсис дода мешаванд.

Масъалаи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлис оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, ҳамчунин комиссияи муваққатӣ оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ҷудогона баррасӣ мешавад.

Вакилон инчунин як номзадро дар интихобот ба аъзогии палатаи болоии парлумони кишвар (Маҷлиси миллӣ), ки рӯзи 27-уми март баргузор мешавад, пешбарӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.