Ҳалокати 1 нафар дар Душанбе бар асари таркиши кислород

Date:

Дар қаламрави корхонаи “Давр-2015” воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе нимаи рӯзи 14-уми март таркиш ба амал омад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки аз беэҳтиётии сокини 24-солаи деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода Шаҳбоз Раҳимов ҳангоми гузаронидани корҳои таъмирӣ буридаи қишри оҳан бо ҷисми омехтаи кислород расида, таркиш ба амал меояд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи таркиш Раҳимов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...