Дастури Рустами Эмомалӣ ҷиҳати омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2020”

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки дар доираи омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2020” коммиссияҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ таъсис дода шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи қарори раиси пойтахт, Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор кардани мавсими “Ҳаҷ-2020” бояд то 20-уми март рӯйхати ягонаи ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо ба Кумитаи дин, танзими […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки дар доираи омодагӣ ба мавсими “Ҳаҷ-2020” коммиссияҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ таъсис дода шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи қарори раиси пойтахт, Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор кардани мавсими “Ҳаҷ-2020” бояд то 20-уми март рӯйхати ягонаи ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ ирсол намояд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин ва паҳншавии он дар бисёре аз кишварҳо, ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Мувофиқи квотаи ҷудошудаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, соли гузашта ҳудуди 5 ҳазор тоҷикистонӣ ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардида, арзиши ҳаҷ барои ҳар кадоме аз онҳо 35 ҳазору 138 сомонӣ (соли 2018 – 33,4 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.