Кумаки AKHS ба Тоҷикистон дар муқовимат бо паҳншавии коронавирус

Хадамоти Бунёди Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS) гузаргоҳи назоратии “Кулма”-ро дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин бо таҷҳиҳоти зарурӣ ва ҳайати тиббӣ таъмин мекунад. Тавре дар иттилои Бунёди Оғо Хон қайд мешавад, мутобиқи дархости Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, AKHS корҳои сафарбарии ҳайати тиббиро ба гузаргоҳи “Кулма” пурра маблағгузорӣ мекунад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти Бунёди Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS) гузаргоҳи назоратии “Кулма”-ро дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин бо таҷҳиҳоти зарурӣ ва ҳайати тиббӣ таъмин мекунад.

Тавре дар иттилои Бунёди Оғо Хон қайд мешавад, мутобиқи дархости Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, AKHS корҳои сафарбарии ҳайати тиббиро ба гузаргоҳи “Кулма” пурра маблағгузорӣ мекунад.

Гуфта мешавад, таъмини гузарогоҳ бо таҷҳизот, доруворӣ ва дигар маводи тиббиро ташкилот пурра ба зиммаи худ мегирад.

Хадамот ба Раёсати тандрустии ВМКБ дар маҷмӯъ наздики 20 ҳазор таҷҳизот ва лавозимоти эҳтиётӣ тақдим кард.

Таъкид мешавад, ки ҳамзамон барои ҳайати тиббии ба гузаргоҳ сафарбаршуда шароити мусоиди корӣ фароҳам шуда, техника пурра бо сӯзишворӣ таъмин аст.

“Хадамот дар шаҳри Душанбе ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон 30 ҳазор дастпӯшаку ниқоб дастрас кард”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар навбати худ Хадамоти Оғохон оид ба муҳити зист (Aga Khan Agency for Habitat) дар доираи чорабиниҳои фаврии ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешгирии коронавирус қариб 20 ҳазор таҷҳизот ва лавозимоти эҳтиётӣ таъмин кард.

Аз Маркази матбуотии АКДН Бунёди Оғохон хабар медиҳанд, ки аз ҷониби ташкилоти Оғохон оид ба рушд ҳамзамон барои маъракаи иттилотии зидди коронавирус 3,6 ҳазор нусха китобчаҳо паҳн карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, ки гузаргоҳи назоратии “Кулма” ҳанӯз охири моҳи январи соли равон пас аз хуруҷи коронавирус дар Чин баста шуд.

Аммо тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқнашуда, ба гузаштани мошинҳо бо маҳсулот аз Чин тариқи ин гузаргоҳ то ҳол иҷоза дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.