Роҳкирои ҳавопаймо ва картошка: нархи кадом маҳсулот аз оғози сол гарон шуд

Нархи маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон тӯли ду моҳи соли равон 1% (моҳи феврал – 0,4%) боло рафтанд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-феврал маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 1,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,3% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 0,7% зиёд шуданд. Байни маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра нархи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархи маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон тӯли ду моҳи соли равон 1% (моҳи феврал – 0,4%) боло рафтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-феврал маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 1,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,3% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 0,7% зиёд шуданд.

Байни маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра нархи картошка (21,4%), себ (20,1%), карам (7,6%), пиёз (3,7%), маснуоти макаронӣ (2,5%) ва гӯшти гов (1,2%) ба таври назаррас гаронтар шудааст.

Маҳсулоти ғайриозуқа аз қабили воситаҳои шустушӯйӣ (0,6%), маҳсулоти дорусозӣ (0,5%), хишти сохтмонӣ (0,4%) пойафзол ва матоъ (0,3%) низ қимат шудаанд.

Дар соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба таври қобили мулоҳиза болоравии арзиши чиптаи ҳавопаймо (29,9%) зикр мешавад.

Тайи 12 моҳи соли гузашта нархи чиптаи ҳавопаймо дар умум 11,1% боло рафт.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҳамин сол таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар ба сатҳи рекордӣ давоми ҳафт соли охир – 8% расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.