Дар шаҳру деҳоти Панҷакент барф борид

Пас аз гармиҳо ва ғарқи гулу мева шудани баъзе дарахтон, имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳаво якбора сард шуда, бегоҳ боридани барф шурӯъ гардид. Бориши барфи ногаҳонӣ деҳқонону сокинони Панҷакентро нигарон ва аз меваи имсола ноумед кард. Зеро ба гуфтаи бошандагони ин шаҳр, бисёри дарахтон аз қабили себу гелос, шафтолуву олуболу ва ноку олуча гул карда, […]

Хуршеди Фозил, махсус барои Asia-Plus

Пас аз гармиҳо ва ғарқи гулу мева шудани баъзе дарахтон, имрӯз, 8-уми апрел дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳаво якбора сард шуда, бегоҳ боридани барф шурӯъ гардид.

Бориши барфи ногаҳонӣ деҳқонону сокинони Панҷакентро нигарон ва аз меваи имсола ноумед кард. Зеро ба гуфтаи бошандагони ин шаҳр, бисёри дарахтон аз қабили себу гелос, шафтолуву олуболу ва ноку олуча гул карда, дар айёми шукуфоӣ буданд. Дар макони офтобрӯя дарахтони зардолу ғӯра карданд.

Ғайбулло, як деҳқон аз Панҷакент мегӯяд: “Сардии ногаҳонӣ ва боришоти барф имсол моро аз мева маҳрум мекунад. Дарахтон хеле зебо гул карда буданд ва эҳтимол дошт, ки меваи фаровон диҳанд. Аммо дигар умедамон канда шуд. Чунки ҳоло ҳарорат аллакай ба 0 дараҷа расида, шаб хоҳу нохоҳ аз ин ҳам пасттар мешавад”.

Аллакай қисмате аз кишти барвақтии деҳқонони Панҷакент – сабзавоту кабудиҳо дар нашъунамо буд. Кишоварзон тарс аз он доранд, ки маҳсули заҳматашон барбод меравад.

Аслиддин, як деҳқони дигар аз ин шаҳр гуфт: “Сабзӣ, картошка, кабудӣ, бодиринги коридаам баромаданд. Дар интернет ҳавои сарди то -2-3 дараҷа пешгӯйӣ шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ниҳолҳоро хунук мезанад. Чандин сол чунин ҳолатро надида будем”.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар чанд рӯз қабл якбора сард шудани ҳаворо дар Тоҷикистон пешгӯйӣ карда буд.

Бино ба иттилои Оҷонсӣ, рӯзҳои 8-ум ва 9-уми апрел дар баландиҳои зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр барф борида, эҳтимоли омадани сел ҳам дар бархе минтақаҳо дар назар аст.

Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҳушдор дода буд, ки боришот ба баландшавии сатҳи оби дарёҳо оварда мерасонад. Он ҳам дар навбати худ ба омадани сел дар водиҳо, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ сабаб шуда метавонад. 

Панҷакент яке аз минтақаҳои осебпазир ва хавфноки омадани сел дар Тоҷикистон буда, қариб ҳамасола аз офатҳои табиӣ хисорот мебинад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.