“Истиқлол” ва “Хуҷанд” чемпионатро бо ғалаба дар меҳмонӣ оғоз карданд

Довталабони асосии дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар Чемпионати имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд мусобиқаро бо ғалаба дар меҳмонӣ оғоз карданд. Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври аввали чемпионат “Хуҷанд” дар Душанбе дастаи КМВА (ССКА)-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб карда, “Истиқлол” бо ҳисоби калони 7 бар […]

Asia-Plus

Довталабони асосии дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар Чемпионати имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд мусобиқаро бо ғалаба дар меҳмонӣ оғоз карданд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври аввали чемпионат “Хуҷанд” дар Душанбе дастаи КМВА (ССКА)-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб карда, “Истиқлол” бо ҳисоби калони 7 бар 0 бар тими “Душанбе-83” дастболо шуд.

Ёдрас мекунем, ки бозиҳои дигари даври аввали Чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтанд: «Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2; «Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1 ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи Чемпионати имсолаи футбол байни дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 10 даста ширкат варзида, 3 давр гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.